Бо memor.pro санҷидани ширкатҳои сохтмонӣ барои харидорон осон шуд
44

Дар шаҳри Душанбе бо мақсади таъмини шаффофият ва ҳимояи ҳуқуқҳои ҳиссагузорон низоми рақамии санҷиши маълумот дар бораи сохтмонҳои биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ memor.pro ҷорӣ шуд.

Ин низом имкон медиҳад, ки пеш аз харидани хона ё бастани шартномаи ҳиссагузорӣ харидорон маълумотро дар бораи сохтмонҳо санҷида, дақиқ намоянд. Дар даромадгоҳи сохтмонҳо ва шуъбаҳои фурӯши хонаҳои баландошёна дар пойтахти кишвар QR-рамзҳои махсусро насб мекунанд. Харидорон рамзро сканер карда, дар бораи сохтмони мазкур маълумот пайдо мекунанд. Аз худи memor.pro бошад, дар бораи дилхоҳ сохтмон маълумот пайдо кардан мумкин аст.

Низоми мазкур барои пешгирии ҳолатҳои фиребхӯрии шаҳрвандон ва татбиқи рақамикунонии соҳаи шаҳрсозӣ хеле муфид мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД