arzon replenishment
Бо тилло бахт намехарӣ (ҚИСМИ 1)
2302

Ду моҳ мешавад, ки дугонаи нозанину хушсухану дарёдилам ин дунёро тарк кардааст ва гумонам ба марги ў касе чун ман намесўзад, зеро ў барои ман ҳам апа буду ҳам хоҳару ҳам розгўю розшунав.

Ростӣ, ману Ноз ҳардуямон сайти Oila.tj-ро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ мекардем, вале ҳеҷ гумон надоштам, ки рўзе мерасаду ман ба унвонии он нома менависам. Сабаби нома навиштани ман танҳо як чиз аст, ҳушдор ба бонувоне, ки мудом аз камбағалии ҳамсарони хеш меноланд: Дугонаҳои азиз, инро ҳеҷ гоҳ аз ёд набароред, ки бахтро бо тилло харида намешавад, мисоли ин зиндагии дугонаи ман аст…

Духтар ба ноз

Ноз аз зани дуввуми як тоҷири машҳур ба дунё омада буд ва духтари ягонаи падару модари сарватманди худ буд. Падараш аз зани аввалаш шаш писар дошт, чун зани дуюмаш духтар таваллуд кард, аз рўзи аввал духтар ба нозаш меномид ва номаш шуд Ноз. Модари Ноз ҳам тоҷири муваффақ буду ҳама дороияшро сарфи тарбияи духтараш мекард. Ноз он қадар зебо буд, ки ногуфтанӣ, мо дар ҳамсоягӣ мезистем, зиндагии оилавии мо низ хуб буд. Ману Ноз дугонаҳои ҷонӣ будем, ў ду бародари маро ака мегуфт ва онҳо низ ўро дар баробари ман хоҳар меномиданд. Чун зани аввали падараш сояи модари ўро аз девор метарошид, бародарони ҳамхунаш хоҳарашонро суроғ намекарданд. Талошҳои модараш барои тавлиди боз як тифлак бенатиҷа анҷом ёфтанду Ноз танҳо ба воя мерасид. Мо шабу рўз як ҷо будем, дар мактаб дар як парта мешиштем, дар Донишгоҳи тиббӣ низ ҳамин хел, донишгоҳро хатм кардему ман ҳамроҳи шавҳарам ба Руссия рафтам. Бо Ноз телефонӣ гуфтугў мекардем ва баъд Нозро як дугонаи модараш келин кард. Ман дар тўйи ў омада, иштирок кардам, ба ҳусни домоду арўс ҳама ҳайрон буданд, шояд чашми бад расид, ки ин издивоҷ танҳо ду сол давом карду халос. Ноз аз шавҳараш ҷудо шуду мо боз ба Ватан баргаштем. Акнун мо боз якҷо будем, шавҳарам бо шӯхӣ моро Фотимаву Зуҳро меномид ва ҳеҷ гоҳ монеи рафту омади мо намешуд.

“Бизнес леди”

Чун тиҷорат дар хуну пӯсти Ноз буд, ў дар шаҳру навоҳии кишвар дорухонаҳо кушод ва дар як муддати кўтоҳ ба бизнес ледӣ мубаддал гашт. Ў бо модараш зиндагӣ мекард, модараш зиёд мехост духтараш шавҳар карда, соҳиби фарзанд гардад, вале Ноз шавҳар кардан намехост. Боре аз ў пурсидам, ки чаро шавҳар кардан намехоҳӣ? Ў зор-зор гириста гуфт:

-Дил, медонӣ ман ду сол бо нашъаманд зиндагӣ мекардам, чунон азоб кашидам, ки худам медонаму Худо. Чун Ромишро дўст медоштам, сирри оилавиямонро ба кўча набароварда, тоқат кардам, ба умеде, ки рўзе мерасаду хуб мешавад, аммо нашуд. Ў маро мезад, баданамро бо сигор месухт, чӣ корҳое, ки намекард. Соли дуввуми хонадориямон ман ҳомиладор шудам, вале баъди мушту лагади шавҳар кўдакам афтид, ба хотири нафаҳмидани падару модарам ҳатто ба духтур нарафтам. Ҳоло бо марди хубе вомехўрам, ў оиладор аст, вале мавқеи дар ҷомеа доштааш намегузорад, ки ў зани дуввум гирад. Ман хостам аз ҳамин марди хирадманд як фарзанд таваллуд кунам, аммо нашуд. Ин қадар табобат кардам, то хориҷаҳо рафтам, бар асари ҳамон кўдакафтонӣ ҳамин хел безурёт шудам. Дилам ба ҳоли Ноз сӯхту гуфтам, “ҳеҷ гап не, агар хоҳӣ, бароят як фарзанд таваллуд карда медиҳам”, аммо розӣ нашуд. Ман ду писару ду духтар доштам ва агар розӣ мешуд, барояш кўдаке таваллуд карда медодам, аммо нашуд.

Зиндагии бесамар

Аз миён се чор сол гузашту як рўз Ноз маро ба хонааш даъват кард. Ӯ болои рахти хоби қимматбаҳояш дароз кашида буду зор-зор мегирист. Ноз хонае дошт, ки баъди набераи хоҳарашро ба тарбияи худ гирифтани модараш ҳамон ҷо зиндагӣ мекард. Ноз писархонди модарашро аз ҷонаш зиёд дўст медошт, зуд- зуд хонааш меовард, аммо танҳо зиндагӣ мекард. Ноз вақтҳои охир зуд-зуд ба афсурдаҳолӣ гирифтор мегашту розшунаваш ман будам, ўро ба оғўш гирифтаму мисли кўдак навозишаш кардам, дилаш пур шуду зиёдтар гирист. Баъд аз рўи одат чашмонашро пок карду бо хандаи талх гуфт:

-Тамом, гӯш кун акнун. Зани Аваз ҳамроҳи ду духтараш ба сарам омаданд, занаш зани зебое будааст, духтаронаш ҳам, аммо… Маро на фоҳиша монду на бесоҳибу на гадову на кирминӣ. Ҳама ҳақоратҳои рўи дунё ба сарам борид, аз ҳама бадтараш маро тўҳмат карданд, ки ман аз ҳисоби падари онҳо бадавлат шудаам. Ман ҳам паст наомадам, гуфтам, ки шавҳаратро дор, то наздам наояд! Бале, шавҳари ту бароям хона, мошин ва ороишоти гаронбаҳо харидааст, нахарад?! Охир, ман маъшуқа ном дорам!

ДИЛАФРЎЗ

Таснифи Нисо Холид

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД