Arzon march 2024
Бобоҷон аз Тоҷикистон мошини 8 миллионаи Тамаевро бурд кард!
3771

“Худатонро хубтар дар экрани телефон нишон диҳед. Ин аниқ шумо ҳастед?”  

Ин суханҳои Тамаев блогери чечен аст, ки бо ҷавони тоҷик аз Тоҷикистон суҳбат мекунад. Бобоҷон, ки яке аз иштирокчиёни бозии бурднок буд, имшаб соҳиби шоҳҷоза мошини тамғаи Мерседес, ки арзишаш 8 миллион рубли русӣ аст, соҳиб гашт. 

Дар видео дида мешавад, ки аввалин нафаре, ки ин мошинро бурд мекунад, дар алоқа намешавад ва баъди интизориҳо ғолиби навбатиро интихоб мекунанд ва аз рӯи барнома рақамҳо 658297 интихоб шуд, ки дар он Бобоҷони тоҷик сабт шуда будаст. 

Онҳо дар паёмаки шахсии Бобоҷон менависанд ва интизор мешаванд, ки дар алоқа барояд ва  чор дақиқаи иловагӣ медиҳанд.  Давоми се дақиқа ба паёмак ҷавоб меояд ва ҳамин тавр онҳо бо Вотсап дар тамос мешаванд. Бобоҷон ҳамроҳи падараш тавассути занги видеоӣ суҳбат мекунад ва баъдан Тамаева хоҳиш мекунад, ки чеҳраи худро хубтар нишон диҳад ва сурати дар саҳифааш бударо муқоиса намоянд. Баъди дақиқ кардан ӯро барои ғолибият муборак мегӯяд ва мегӯяд, ки барои гирифтани мошинатон ба кишвари мо Чеченистон биёед. 

Панҷ рӯз пеш блогери чеченӣ Тамаев дар саҳифаи инстаграми худ  бозии бурднокро бо 15 айфон ва шоҳҷоиза Мерседес, ки 8 миллион рубли русӣ арзиш дорад, эълон кард. 

Дар ин бозӣ аз тамоми ҷаҳон ва чеҳраҳои шинохта барои бурд кардан, ин бозиро дар саҳифаҳои худ гузоштанд ва давоми шаш рӯз 42, 2 миллион тамошо карданд. 

Мо кормандони сомонаи “Оила” ҳаммиллати худро, ки соҳиби шоҳҷоиза шуд ва кишвари моро бори дигар дар ҷаҳон муаррифӣ намуд, муборак бод мегӯем. 

Дар соатҳои наздик кӯшиш мекунем, ки барои хонандагонамон таасуроти Бобоҷонро пешниҳоди шумо гардонем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД