Бонки миллии Тоҷикистон: хабари бо 1 фоиз қарз додан воқеият надорад!
09.01.2026
Oila.tj
85

Бонки миллии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки иттилои дар баъзе шабакаҳои иҷтимоӣ паҳншуда дар бораи он, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо 1 фоиз қарз медиҳад воқеият надорад.

Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон мақоми танзиму назорат ва батанзимдарории ташкилоти қарзии молиявӣ буда, сиёсати пулию қарзиро амалӣ менамояд. Бонки миллии Тоҷикистон ба шаҳрвандони воқеӣ хизматрасонии бонкӣ, аз ҷумла додани қарзро анҷом намедиҳад. Қарзҳо танҳо тавассути бонкҳо ва ташкилоти қарзии молиявӣ тибқи шарту меъёрҳои худи онҳо пешниҳод мегарданд.

Аз ин рӯ, Бонки миллии Тоҷикистон аз шаҳрвандон хоҳиш намудааст, ки ба хабару иттилооти носаҳеҳ бовар накарда, маълумоти расмиро танҳо аз манбаъҳои боэътимод дастрас намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД