arzon replenishment
Бонуи аввали Болливуд
759


Гаури Хон яке аз машҳуртарин бонувони Ҳиндустон ба шумор меравад. Вай ҳамсари ҳунарманди маъруфи Ҳинд Шоҳрух Хон мебошад. Аксарият ӯро “Бонуи аввали Болливуд” ва ишқи якумраи Шоҳрух Хон меноманд.

Гаури Хон дар баробари ҳамсари ситораи №1-и Ҳиндустон буданаш зани ҳунарманд буда, дар раддабандии маҷаллаи Fortune ба рӯйхати "50 зани тавонотарини дунё" шомил гаштааст. Аз ҳамин хотир мо қарор додем дар бораи ин зани қавиирода каме маълумот диҳем.
Тарроҳи муваффақ
Гаури Хон 8-октябри соли 1970 дар оилаи полковники артиши Ҳиндустон Рамеш Чандра Чиббер ва ҳамсараш Савита ба дунё омадааст. Падараш пас аз ба нафақа баромадан ба тиҷорати истеҳсол ва содироти либосҳои занона ба кишварҳои хориҷӣ машғул шуд. Ҳамин буд, ки зери таъсири муҳити хонаводагӣ Гаури ба мӯд таваҷҷӯҳ зоҳир мекардагӣ шуд. Ӯ аввал коллеҷро хатм намуда, баъд дар курсҳои тарроҳии мӯд дар Донишкадаи Миллии Технология ва Мода таҳсил мекунад. Ҳамин тавр тамоми нозукиҳои ҳунари дӯзандагиро омӯхта Гаури ба тиҷорати падараш ҳамроҳ шуд ва дертар студияи тарроҳии худро боз кард. Ин зани ҳунарманд дертар китоби ҷолиби "Ҳаёти ман дар тарроҳӣ" -ро нашр намуд ва ҳамзамон ток-шоуи ороишии боҳашамматеро бо номи "Хонаҳои ормонӣ бо Гаури Хон" оғоз кард.
Гаурӣ дар баробари ин, курсҳои омӯзишии тарроҳӣ кушода, ба духтаракон дӯзандагиро ёд медод. Ҳамин тавр дар ин ҷода муваффақ гашт ва имрӯз ҳамчун беҳтарин тарроҳ- ороишгари хона маъруф мебошад. Дар радифи ин ҳунараш Гаури Хон рассоми филмҳои ҳиндӣ, продюсер ва актрисаи шинохта мебошад.
Издивоҷ бо ситораи маъруф
Шоҳрух Хон ва Гаури Хон 25-октябри соли 1991 бо ҳам издивоҷ карданд. Ҳанӯз 7-сол пеш аз муваффақиятҳои Шоҳрух Хон онҳо дар Деҳлӣ бо ҳам шинос шуда, аҳди муҳаббат баста буданд, вале вақте ки Шоҳрух ба Гаури хостгор фиристод, волидони духтар дар аввал розӣ нашуданд. Онҳо намехостанд духтарашон бо ҳунарманди кино оила барпо намояд, зеро боварии комил доштанд, ки тамоми ҳунармандон булҳавасу заеҷаллоб ҳастанд. Аммо ишқу муҳаббати поки ду ҷавон зӯр баромад ва ниҳоят соли 1991 ба орзуи худ расида, издивоҷ карданд.
Гаури ва Шоҳрух айни ҳол соҳиби оилаи калони хушбахт буда, се фарзанд доранд.
Аз тарроҳиву продюсери то ороиши хонаҳо
Гаури дар яке аз мусоҳибаҳояш гуфтааст, ки маҳз Шоҳрух ӯро ба ороиши дохили бино ташвиқ кардааст.
"Вақте ки мо ба таъмири хона шурӯъ кардем, аз мо пурсиданд: "Чаро худатон ороиши дохилиро намекунед?" Аз ҳамон вақт сар карда ба ороиш, ҷобаҷогузории ҷиҳози хона шурӯъ кардам. Ҳамааш аз ҳамин сар шуд"-қисса кардааст Гаури Хон.
Имрӯз Гаури Хон дар доираи лоиҳаҳои гуногун кор карда, аз биноҳои тиҷоратӣ то истироҳатгоҳу меҳмонхона ва хонаҳои боҳашаматро ороиш медиҳад. Мавсуф соҳиби мағозаи бренди Gauri Khan Designs мебошад. Дар он коллексияи лампаҳои итолиёвӣ ва асарҳои зебои санъати саросари ҷаҳон мавҷуд аст.
Филмҳои муштарак
Гаури Хон-ҳамсари суперситора иқрор шудааст, ки ҳанӯз дар айёми ҷавонӣ ба ӯ пешниҳод мекарданд, ки ҳунарпеша шавад, аммо Шоҳрух ба ӯ девонавор рашк карда, иҷозат намедод. Гаури ба хотири пойдории оилааш продюсер шуданро ихтиёр мекунад. Ҳамин тавр онҳо дар якҷоягӣ чанд филми муштарак гирифтанд, ки Men Borman Ku, Om Shanti Om, Ra.First, Chennai Express, My Name Khan аз ҳамин зумраанд.
Соли 2002 Гаури Хон ва шавҳараш Шоҳрух Хон ҳамчун вориси Dreamz Unlimited, ки ҳамсарон дар соли 1999 таъсис додаанд, Red Chillies Entertainment, як ширкати дигари филмсозӣ ва паҳнкунандаи филмро таъсис доданд. Вай ҳамраис ва сарпродюсери тамоми филмҳои тавлиди ин ширкати синамо мебошад. Нахустин филми ин ширкат «Ман дар паҳлӯи ту» ном гирифта буд. Филм дар Ҳиндустон муваффақ шуд ва дуввумин филми сердаромади сол гардид.

"Бонуи аввали Болливуд"
Гаури Хон дар ВАО хеле кам пайдо мешавад ва дар сояи шавҳари машҳураш Шоҳрух Хон буданро афзалтар медонад. Аммо соли 2008 акси вай дар муқоваи маҷаллаи Vogue India пайдо шуд. Аксҳоро аккоси маъруфи бритониёӣ Крис Краймер гирифта маҷалла Гаури Хонро "Бонуи аввали Болливуд" номида буд.
Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД