goodwell
Бонуи созанда
169

Баҳринисо Сангинова дар шаҳри Истаравшан ҳамчун бонуи созанда, омӯзгори соҳибтаҷриба, ташкилотчии фаъол ва роҳбари масъулиятшинос ном баровардааст.

Солҳои фаъолияти ӯ дар соҳаҳои гуногун бо ташаббусҳои созанда, ғамхорӣ ба мардум, таваҷҷуҳ ба ободии маҳал ва талош барои фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ пайванд дорад. Ӯ дар ҳар вазифае, ки фаъолият кардааст, кӯшидааст масъулияти худро бо садоқат иҷро намуда, ба боварии мардум сазовор бошад.

Баҳринисо Сангинова 25-уми апрели соли 1957 дар шаҳри Истаравшан, дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Дар муҳити маорифпарвар ба камол расиданаш боис шуд, ки пешаи омӯзгориро интихоб намояд. Ӯ пас аз хатми мактаби миёна ба факултаи филологияи ДДОТ ба номи С. Айнӣ дохил шуд. Мавсуф ин боргоҳи илмро бомуваффақият хатм намуда, фаъолияти меҳнатиашро соли 1978 аз рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» оғоз намуд. Он замон сармуҳарририи рӯзномаро шоири шаҳири тоҷик Гулрухсор Сафиева ба зимма дошт. Баҳринисо Сангинова дар муҳити эҷодии матбуот бо чеҳраҳои маъруфи адабиёту фарҳанг, аз ҷумла Мавҷуда Ҳакимова ва Гулрухсор Сафиева ҳамкорӣ намуда, аз таҷрибаи онҳо сабақ гирифт. Кор дар рӯзнома ҷаҳонбинии ӯро васеъ намуда, малакаи кор бо мардум, масъулиятшиносӣ ва қобилияти ташкилотчигиро тақвият бахшид.

Солҳои 1980–1984 Баҳринисо Сангинова мудири шуъбаи ёрии иҷтимоии шаҳри Истаравшан буд. Соли 1984 ӯро раиси ҷамоати деҳоти Қалъаи баланд таъин намуданд. Дар ин вазифа ӯ дар шароите фаъолият мекард, ки ҷамоат дар бинои кӯҳнаву фарсудаи иборат аз се утоқ ҷойгир буд. Баҳринисо Сангинова зарурати сохтмони бинои алоҳидаи ҷамоатро дарк намуда, барои амалӣ гардидани ин иқдом талош варзид. Бо ташаббуси ин бонуи созанда соли 1988 бинои нави ҷамоат, ки аз ду ошёна иборат аст сохта шуд.

Дар бунёди ин иншоот як гурӯҳ шахсони ташаббускор ва сокинони маҳал низ саҳми худро гузоштанд. Аз ҷумла, Кароматулло Одилов, Примқул Юнусов, Мирзоҳабиб Шарофов, Шароф Шодиев ва кулли сокинон дар ин кори хайр саҳм гирифтанд. Барои сохтмони бино тақрибан 200 ҳазор сомонӣ сарф шудааст.

Аммо фаъолияти Баҳринисо Сангинова ҳамчун раиси ҷамоат танҳо бо сохтмони бино маҳдуд нашуд. Ӯ ба масъалаҳои иҷтимоӣ, махсусан ба шуғли бонувон, таваҷҷуҳи хос зоҳир мекард. Бо ташаббуси ӯ соли 1990 коргоҳи қолинбофӣ ташкил гардид. Дар ин коргоҳ тақрибан 30 нафар бонувон ба кор ҷалб шуданд. Коргоҳи қолинбофӣ ҳафт сол фаъолият карда, барои даҳҳо бону имкони соҳиби ҷойи кор шуданро фароҳам овард. Замони роҳбарии Баҳринисо Сангинова атрофи қабристон низ бо девор иҳота шуд.

Таҷрибаи омӯзгорӣ дар фаъолияти Баҳринисо Сангинова ҷойгоҳи хос дорад. Ӯ солҳои зиёд дар МТМУ 16-и деҳаи Қалъаи баланд ва солҳои 2012–2014 дар мактаб-интернати шаҳри Душанбе ба ҳайси омӯзгор фаъолият намуд. Муносибати самимӣ бо хонандагон, эҳсоси масъулият дар назди насли наврас ва муҳаббат ба пешаи омӯзгорӣ аз сифатҳои ҳамешагии ӯ ба шумор мераванд.

Баҳринисо Сангинова аз ҷумлаи бонувонест, ки дар баробари иҷрои вазифаҳои касбӣ, барои ободии маҳал ва беҳбудии зиндагии мардум низ саҳм гузоштааст. Роҳи тайкардаи ӯ нишон медиҳад, ки роҳбарӣ пеш аз ҳама масъулият дар назди мардум аст. Баҳринисо Сангинова ин масъулиятро бо меҳнат, ташаббус ва садоқат ба ҷо овардааст. Аз ин рӯ, ӯро метавон ба маънои том бонуи созанда номид — бонуе, ки бо меҳнати худ барои ободии диёр, дастгирии мардум ва тарбияи насли наврас саҳм гузоштааст.

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД