Ҳамсола аксари занону духтарон бо мақсади дар фасли зимистон бо хӯришҳои хушмазза таъмин намудани аҳли оилаашон олуву олуча, себу ангур, помидор, бодириг, карам, боимҷон, замбурӯғ ва маҳсулоти дигар полезиро дар бонкаҳо ва зарфҳои гуногун консерва мекунанд. Ғамхории бонувон нисбат ба наздиконашон албатта шоистаи таҳсин аст, вале ҳангоми консервакунонӣ бояд эҳтиёт шуд, зеро дар сурати риоя накардан ба қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва нодуруст маҳкам кардани зарф маҳсулоти вайроншуда метавонад қисми аҳли оила ва меҳмонони шуморо заҳролуд сохта, ба бемориҳои гуногун, аз ҷумла ботулизм гирифтор созад.
Ботулизм чи гуна беморист?
Тавре Султон Раҳмонзода, директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд зимни як суҳбат гуфтааст:
“Ботулизм бемории ниҳоят вазнини заҳролудшавӣ мебошад, ки дар натиҷаи ба организми инсон ворид шудани заҳри махсус ба вуҷуд меояд. Ангезандаи беморӣ дар табиат, хок, об ва муҳити атроф паҳн шудааст. Спораҳои он ба баъзе маҳсулоти ғизоӣ, махсусан сабзавот, мева, занбурӯғ, гӯшт ва моҳӣ ворид шуда метавонанд. Хусусияти хатарноки ин бактерия он аст, ки дар шароити набудани оксиген, муҳити камкислота ва шароити номувофиқи нигоҳдорӣ метавонад афзоиш ёфта, заҳри ботулинӣ ҳосил намояд. Маҳз чунин шароит дар баъзе маҳсулоти нодуруст консервашудаи хонагӣ, махсусан дар зарфҳои маҳкам басташуда ба вуҷуд омада метавонад.”
Номгӯйи маҳсулоте, ки боисии
заҳролудшавӣ гашта метавонанд
—Консерваҳои хонагии сабзавот, аз ҷумла бодиринг, помидор, қаламфури булғорӣ ва дигар сабзавоти камкислота.
— Занбурӯғҳои дар шароити хона консервашуда ва маринадшуда.
— Консерваҳои гӯштӣ ва моҳӣ.
—Моҳии хушк, дуддодашуда, намаккардашуда ва нодуруст нигоҳдошташуда.
— Маҳсулоти гуногуни хонагии дар зарфҳои герметикӣ маҳкамшуда, ки бо риоя накардани технологияи бехатари омодасозӣ истеҳсол шудаанд. Маҳсулоти зоҳиран солим низ метавонад дорои заҳри ботулинӣ бошад.