arzon replenishment
Боз як духтари бадахшонӣ худро ба дарё партофт?
812


Дар бадали як шабонарӯзи охир аз дарё ва обанборҳои кишварамон якбора ҷисми бе ҷони се нафарро пайдо намуданд. Дар ин бора Куӯмитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ хабар додааст.

Тавре ки манбаъ мегӯяд, рӯзи 15-уми июн, тахминан соатҳои 05:45 дар соҳили обанбори сунъӣ дар қаламрави шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ҷасади як писарбача ёфт шудааст. Маълум гардид, ки марҳум сокини шаҳри Бӯстон буда, рӯзи 14-уми июн аз беназоратии падару модар ғарқ шудааст.

Ҳамчунин рӯзи 14-уми июн ҳангоми оббозӣ дар дарёи Вахш бар асари риоя накардан ба қоидаҳои бехатарӣ сокини 19-солаи шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон ғарқ шуд. Ҳамин тавр, 14 – уми июни соли 2022, тахминан соати 18:52 нерҳҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар соҳили дарёи Панҷ, дар наздикии деҳаи Пастхуфи ноҳияи Рӯшони ВМКБ ҷасади як духтари тахминан 18-20-соларо пайдо карданд.

Ташхис нишон дод, ки духтар 20-сол дошта, сокини шаҳри Хоруғ будааст ва рӯзи 6-уми июн аз хона берун рафта, дигар барнагаштааст. Тавре ба назар мерасад, духтар худкушӣ кардааст.

Ёдовар мешавем, дар рӯзҳои охир ин аллакай сеюмин мавриди бо қасди худкушӣ худро ба об партофтани сокинони Бадахшон мебошад ва рӯзе қабл хабари худро бо кӯдаки яксолааш ба дарё партофтани як ҷавонзани бадахшонӣ расонаӣ гашта буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД