Агентии назорат дар соҳаи энергетика аз ошкор шудани боз як ҳолати дуздии барқ аз ҷониби корманди муассисаи тақсимоти барқ хабар додааст.
Бино бар иттилоъи ин ниҳод, як корманди идораи барқ дар ноҳияи Ҳамадонӣ аз зеристгоҳ то хонааш, ки дар наздикии иншоот ҷойгир будааст, хатти барқро пинҳонӣ кашида, бидуни пайвастшавӣ ба ҳисобкунак аз барқ истифода мекардааст. Мақомот нисбати ин шахс санад тартиб додаанд, аммо чи ҷазо гирифтанаш маълум нест.
Бори аввал нест, ки кормандони идораи барқ ба дуздии барқ муттаҳам мешаванд. Моҳи декабри соли гузашта як корманди идораи барқ дар минтақаи Кӯлоб ба дуздии барқ гумонбар шуда буд.
Ёдрас мешавем, ки ба Кодекси ҷиноӣ тағйирот ворид карда шуда, барои дуздӣ ё истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ аз 27 ҳазор сомонӣ ҷарима то 10 сол зиндонро пешбинӣ гаштааст.