formula
Боз як муҳоҷири тоҷикро дар Русия ғорат карданд
810


Муҳоҷирати меҳнатӣ ба як зарурияти рӯзгори мардуми мо табдил ёфта, ҳамасола ҳазорон нафар мардону занони тоҷик бо умеди пайдо крадани ҷойи кор ва дарёфти ризқу рӯзии аҳли хонаводаашон рӯ ба кишварҳи дигар аз ҷумла Русия меоранд.

Ғарибӣ кӯйи сахт аст ва ба сари муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар мулки бегона фалокатҳои зиёде меояд. Боз як муҳоҷири тоҷик дар Русия ҳадафи ҳамлаи ғоратгаронаи як тӯдаи авбошони тирамағз қарор гирифтааст...

Ин ҳодисаи нохуш шаби 19 ба 20- август дар як қалёнхона дар кӯчаи Боровая дар шаҳри Санкт –Петербурги Русия рӯй дода, 6 нафар роҳзанон, ки бо корду кастет ва лӯлаҳои оҳанину туфангчаи травматикӣ мусаллаҳ гашта буданд, ба як ҷавони 22-солаи тоҷик ҳамла намуда, бо таҳдиди силоҳ аз ин муҳоҷири ҷавон 12 ҳазору 600 рубл (тақрибан 200 доллар) пул талаб кардаанд.

Тавре ки Бомдод дар такя ба иттилои нашрияи маҳаллии Петроград.Ру менависад, нимашаби 19-уми август, соати 23:59 ба пулис як нафари ношинос занг зада, хабар додааст, ки дар қалёнхонаи воқеъ дар кӯчаи Боровая, бинои №6, одамонро ғайриқонунӣ нигоҳ дошта, ба онҳо таҳдид карда истодаанд.
Кормандони пулис ба ҷои ҳодиса рафта, 6 нафар: 4 шаҳрванди Ӯзбекистон, як духтари 19-солаи сокини Петербург ва як ҷавони ҳамсоли ӯро, ки низ шаҳрванди Русия будааст, дастгир кардаанд. Нисбат ба онҳо бо иттиҳоми майдаавбошӣ ва вайрон кардани қоидаҳои будубош дар Русия протоколҳо тартиб дода шудаанд. Гуфта мешавад, ки аз ин 6 нафар 3 корд, кастет, 3 лӯлаи оҳанин ва туфангчаи травматӣ ҳам пайдо кардаанд.
Баъди се соати сар задани ин ҳодиса, соатҳои сеи шаби 20-август ба пулис як шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистон муроҷиат намуда, хабар додааст, ки дар қаҳвахонаи “Кальян Бар” нафарони ношисон бо як чизи монанд ба пистолет ба вай таҳдид карда, 12 ҳазору 600 рубл талаб карданд.
Масъалаи кушодани парвандаи ҷиноятӣ дар робита ба ин ҳодиса дар ҳоли баррасӣ қарор дошта, ба гумонбаршавандагон бар асоси қисми дуюми моддаи 162 Кодекси ҷиноятии Русия барои роҳзанӣ дар ҳайъати гуруҳ бо истифода аз силоҳ то 10 соли зиндон ва то як миллион рубл ҷарима таҳдид мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД