formula
Боз як Нависандаи халқии Тоҷикистон даргузашт
363

Нависандаи халқии Тоҷикистон ва тарҷумони шинохта Саттор Турсун шои имрӯз дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт. Нависанда пас аз бемории тӯлонӣ вафот кард.

Яке аз наздикони марҳум дар суҳбат бо Оила” гуфт, нависанда аз бемории саратон азия мекашид ва шаби гузашта дар 77-солагӣ даргузашт.

Ба иттилои манбаъ, маросими видоъ нависанда имрӯз соати 12:00 дар назди хонаи истиқоматиш гузашта, намози ҷанозааш дар Масҷиди марказии пойтахт пас аз намози пешин доир мешавад. Ӯро дар қатори дигар бузургон дар оромгоҳи “Лучоб” дафн хоҳанд кард.

Саттор Турсун 15 феврали соли 1946 дар деҳаи Пасурхии ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарёи ҶШС Ӯзбекистон ба дунё омада, соли 1970 бахши арабии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Фаъолияти кории худро аз маҷаллаи "Садои Шарқ" оғоз намуда, муддати бист сол дар вазифаҳои мудири шуъбаи очерк ва публитcистика, мудири шуъбаи наср, муовини сардабир, иҷрокунундаи вазифаи сардабири ҳамин маҷалла кор кардааст.

Солҳои 1990—1991 мудири Шуъбаи идеологии Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон буд. Соли 1993 аввалин сухангӯи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Солҳои 1994—1997 сардабири маҷаллаи адабии русии “Памир” буд. Баъдан чанд соли дигар вазифаи сардабирии нашрияи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон “Баҳори Аҷам”-ро ба уҳда дошт. Аз соли 1972 узви Иттифоқи нависандагони ИҶШС мебошад.

Саттор Турсун миёни хонандагонаш бо повесту роман ва қиссаҳои "Камони Рустам", "Пайванд", "Ситораи корвонкуш", "Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд(1976—1977)", "Зиндагӣ дар домани талҳои сурх", "Барф ҳам мегузарад", "Падар", "Се рӯзи як баҳор", "Думбура", "Пайғамбарзот" маъруф аст. Повесту роман ва ҳикояҳои ӯ ба беш аз 20 забони халқҳои дунё тарҷумаву нашр шудааст.

Ӯ дорандаи Ҷоизаи Комсомоли Ленини Тоҷикистон (1985), Корманди шоистаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1994), Нависандаи халқии Тоҷикистон (соли 1998), Дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аст.

Аз идора: Аҳли эҷоди сомонаи "Оила" ба наздикони марҳум, хусусан ҳамсари нависанда Лолаи Саидакбар, ки аз муаллифони доимии "Оила" аст, изҳори амиқи ҳамдардӣ намуда, ба онҳо сабри ҷамил мехоҳанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД