goodwell
Боз як садамаи марговар дар шаҳри Душанбе
190

Имрӯз, 9-уми июн дар пойтахти кишварамон - шаҳри Душанбе боз як садамаи марговари нақлиётӣ рӯй дода, ҷавонеро аз шаҳди ҳаёт маҳрум намуд.

Тавре Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар додааст, ин ҳодисаи нохуш соати 00:30 дар кӯчаи А. Ҷомӣ рӯй дода, ронандаи мошини тамғаи «Changan», рақамҳои қайди давлатиаш 0303SL10, Каримов Бузургмеҳр ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Борбад ба самти кӯчаи Р. Набиев пиёдагард Шарипов Д., сокини 20-солаи шаҳри Душанберо пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми интиқол ба беморхона ба ҳалокат расидааст.

Тафтишоти ҳодиса идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД