Кормандони милитсия сокини 30-солаи шаҳри Душанбе Обид Ҳамидовро бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дар ҳаҷми махсусан калон дастгир намудаанд.
Тавре Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар додааст, Ҳомидов аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи И. Сомонӣ дастгир шуда, дар дуздии маҳсулот аз мағозаи хӯроквории “Пойтахт Премиум”дар хиёбони Рӯдакӣ гумонбар дониста мешавад. Бино ба иттилои манбаъ, боздоштшуда шабона вориди мағоза гашта, маҳсулоти гуногуни хӯрокаро ба яғмо бурда, ба соҳибмулк зиёда аз 113 ҳазор сомонӣ зарар расонидааст.
Айни замон нисабти Ҳамидов бо моддаи 244-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, тафтишот идома дорад.