arzon replenishment
БОЗДОШТИ ДОНИШҶӮИ 19 - СОЛА БО ГУНОҲИ ШАНТАЖ
2918

Кормандони Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар пойтахт як ҷавони 19 - соларо бо айби “шантаж” - и ду ҷавондхтар дастгир кардаанд.

Ҷавони боздоштшуда донишҷӯйи курси якуми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сафарализода Давлатҷон Зуҳуршо, соли таваллудаш 2001, истиқоматкунандаи ноҳияи Синои пойтахт мебошад.

Давлатҷон бо ифшои маълумотҳои беобрӯкунанда, паҳн кардани аксу рақами телефонҳои мобилӣ ва маълумотҳо оид ба ҳаёти шахсии ду ҷавондухтари сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб аз яке 500 ва аз дигаре 400 сомонӣ гирифтааст.

Худи дастгиршуда зимни бозпурсӣ дар навори “Ахбори ВКД” мегӯяд, ки соли 2019 саҳифаи “ҳамсинфон” (одноклассник) кушодаю номашро Манижаҷон монд ва бо як мард ошно шуду бо рақамҳояш кошелёки мобилӣ кушод. “Баъдтар инстаграм кушодам ва сурати духтаронро гузоштам. Рақамҳою нархашонро 500 сомонӣ менавиштам”, - мегӯяд ин ҷавони дастгиршуда.

Ба гуфти ӯ аксҳоро замоне аз саҳифааш тоза мекард, ки духтарон ба кошелёки мобилиаш пули хостаашро мегузарониданд. Ӯ бошад, маблағҳои аз ин роҳ ба даст овардаашро дар марказҳои букмекерӣ истифода мекард. Вазорат мегӯяд, ки нисбат ба боздоштшуда тибқи моддаи 250 – и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда оғоз шуда, тафтишот аз рӯи он идома дорад.

Бояд гуфт, ки “шантаж” - и занон аз сӯи ҷавонон яке аз роҳҳои нигаронкунандаи ба даст овардани маблағи муфт аст. Аксари ҷавонписарони шантажгар тавассути интернет бо духтарон шинос шуда, аз онҳо аксу наворҳои маҳрамона талаб мекунанд ва баъдтар бо таҳдиди нашри онҳо дар интернет аз духтарон пул талаб менамоянд.

Қаблан, Ҷалолзода Сафаралии 25 - сола, сокини ноҳияи Кӯшониён бо се ҷавонзан, сокинони ноҳияи Деваштич тариқи интеренет шинос шуда, аксу наворҳои маҳрамонаи онҳоро ба даст овард ва баъдан ҳамчун манбаи даромад истифода кард ва ниҳоят дастгир шуд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД