Дар асоси навори ба милитсияи Хатлон воридгардида, кормандони милитсия шаҳрванд Шарафова Маҳинабону Суҳробовна, санаи таваллудаш 15.12.2007, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Восеъ, шаҳраки Ҳулбукро муайян ва ба мақомоти милитсия дастрас намудаанд.
Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, зимни санҷиш муайян карда шудааст, ки номбурда бидуни шаҳодатнома ва ҳуқуқи ронандагӣ воситаи нақлиёти тамғаи “Тайота камрӣ”, аломати қайди давлатиаш 1010KF10-ро, ки ба шаҳрванд Холов Шерзод Раҳмоналиевич, санаи таваллудаш 12.12.1999, сокини н.Восеъ, шаҳраки Ҳулбук тааллуқ дорад, идора намуда, раванди онро ба навор гирифта, бо мақсади худнамоӣ дар саҳифаи шахсиаш бо номи Karamelka дар “Инстаграм” нашр кардааст.
Дар натиҷа нисбати ҷавондухтар барои бе ҳуқуқи ронандагӣ идора намудани воситаи нақлиёт тибқи талаботи моддаи 336, қисми 1 ва нисбати соҳиби автомашина шаҳрванд Холов Шерзод Раҳмоналиевич барои вогузоштани воситаи нақлиёт ба шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад, тибқи талаботи моддаи 336, қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар баррасӣ қарор дорад.
Мақомоти милитсия ба шаҳрвандон хотиррасон намудааст, ки идора намудани воситаи нақлиёт бе шаҳодатномаи ронандагӣ қоидавайронкунии дағали ҳаракат дар роҳ маҳсуб ёфта, қонунгузор барои ин кирдор ҷарима ба андозаи 250 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 19 500 сомонӣ муқаррар намудааст. Илова бар ин, барои шахсе, ки воситаи нақлиётро ба шахси ҳуқуқи ронандагӣ надошта вогузор менамояд, 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 16 500 сомонӣ бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ронандагӣ ба муҳлати 5 сол ҷазо пешбинӣ шудааст.