Кормандони милитсия боз як мардро бо гумони қаллобӣ ва фиреби муҳоҷирони тоҷик бо ваъдаи кор дар кишварҳои хориҷӣ боздошт намудаанд. Дар ин бора ВКД хабар додааст.
Давлатбек Умарови 39-сола сокини ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон буда, бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт шудааст. Гуфта мешавад, ки номбурда бо ваъдаи дар Британияи Кабир ба кор таъмин намудани муҳоҷирон чанд нафарро фиреб дода, маблағҳои калони пулӣ ситонидааст.
"Умаров ба боварии шаҳрвандон даромада, бо ваъдаи кумак дар расмиёти раводид аз онҳо маблағи калон гирифтааст, аммо ба ваъдааш вафо накардааст",- омадааст дар хабар.
Давлатбек Умаров дар фиреб додани 8 нафар гумонбар дониста мешавад. Бино ба иттилои манбаъ, вай аз ду сокини ноҳияи Хуросон ва Кӯлоб 15 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Дар маҷмуъ ин мард бо ваъдаи кор дар Британияи Кабир 252 ҳазор сомонии дигаронро бо макру фиреб аз худ карда, барои эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намудааст.
Умаров ҳамчунин дар паҳн кардани аксу наворҳои ғайриахлоқӣ дар шабакаҳои иҷтимоии WhatsApp ва Telegram гумонбар дониста шуда, нисбаташ бар асоси моддаҳои 247, қисми 3 (қаллобӣ) ва 241, қисми 3 (паҳн кардани маводи фаҳш)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Вазорати корҳои дохилӣ аз ҳамаи нафароне, ки аз амалҳои Умаров зарар дидаанд, хоҳиш мекунад, ки ба мақомоти корҳои дохилии маҳали зисташон шикоят кунанд.