toyota motors
Боздошти марде, ки занашро бар ивази 300 сомонӣ ба марди дигар додааст
15.04.2026
Oila.tj
718

Кормандони милитсия мардеро боздошт намудаанд, ки занашро ба алоқаи ҷинсӣ бо марди дигар бар ивази 300 сомонӣ маҷбур кардааст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилӣ хабар додааст.

“Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 46-солаи сокини шаҳри Истиқлол бо гумони ташкилу нигоҳдошти фоҳишахона, даллагӣ ё занҷаллобӣ дастгир карда шуд. Гумонбаршаванда 26-уми марти соли 2026, тахминан соати 13:30 дақиқа дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сарбанди ноҳияи Спитамен бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт ҳамсараш, зани 48-солаи сокини ҳамонҷоро бо «Суҳроб» ном шахси мусоидаткунанда барои алоқаи ҷинсӣ намудан рӯ ба рӯ намуда, бар ивазаш маблағи пулии 300 сомониро гирифтааст”,- омадааст дар хабар.

Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1-и моддаи 239-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД