arzon replenishment
Боздошти марди 35 сола барои куштори ронандаи таксӣ
572


Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон хабар дод, ки дар ҳудуди шаҳри Бохтар як шахси номаълум бо истифода аз олоти буранда ронандаи таксӣ, ҷавони 28-солаи сокини шаҳри Бохтарро ба ҳалокат расонида, аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст.

Дар натиҷаи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсияи Хатлон бо гузашти як шабонарӯз гумонбари ҷинояти вазнин дастгир карда шуд.

Ӯ Расулов Рустамҷон Маҳмадшарипович, санаи таваллудаш 15.02.1989, зода ва истиқоматкунандаи ҷамоати Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён мебошад.

Айни ҳол боздоштшуда дар ҳабси пешакӣ қарор ва нисбаташ аз ҷониби Прокуратураи вилояти Хатлон тибқи талаботи моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, сабабҳои аслии даст задани гумонбар ба чунин аъмоли зишт муайян карда мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД