Боздошти “мураббии футбол” бо гумони қаллобӣ
98

Пулиси Душанбе мегӯяд, ҷавонеро дастгир кардааст, ки худро ба сокинон мураббии футбол ва намояндаи дастаҳои гуногун муаррифӣ карда, барои ширкат дар давраҳо (курсҳо)-и омӯзиши футбол аз онҳо пул гирифтааст.

Ин ниҳод рӯзи 6-уми январ аз боздоштшуда Олимҷон Сулаймонов ном бурда, гуфтааст, ки сокини 24-солаи шаҳри Душанбе аст. Назари ӯ дар робита ба ин қазия маълум нест.

Пулиси пойтахт гуфтааст, ки Сулаймоновро дар асоси шикояти сокинон боздошт ва алайҳаш бо иттиҳоми қаллобӣ (моддаи 247 КҶ) парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Ба қавли ин ниҳод, ҳоло 12 далели қаллобии гумонбар муайян шудааст. Бар асоси ин иттиҳом, ба ӯ аз ҷарима то 2 сол зиндон таҳдид мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД