toyota motors
Боздошти зан бо гумони қаллобӣ дар ҳаҷми беш аз 1 миллион сомонӣ
16.04.2026
Oila.tj
160

Кормандони Шуъбаи ВКД дар шаҳри Норак дар асоси муроҷиатҳои шаҳрвандон нисбати як нафар зан, сокини шаҳри мазкур Назарова Ситора Саидмуродовна (соли таваллудаш 1971) бо гумони қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247, қисми 4, банди б Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намудаанд.

Бино ба иттилои РВКД дар вилояти Хатлон, дар рафти тафтишот муайян карда шудааст, ки номбурда сар карда аз соли 2023 то инҷониб бо баҳонаи машғул шудан ба тиҷорат аз шаҳрвандон маблағҳои калон гирифта, то ҳол барнагардонидааст.

Дастгиршуда Назарова С. С. дар 8 ҳолати ҷинояти қаллобӣ гумонбар дониста шуда, маблағҳои аз шаҳрвандон гирифтааш сар карда аз 100 000 то 400 000 сомонӣ буда, дар умум зиёда аз 1000000 (як миллион) сомониро ташкил медиҳад.

Айни ҳол номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, чорабиниҳои тафтишотӣ идома доранд.

Аз шаҳрвандон, нафароне, ки ба доми фиреби ин зан афтодаанд, хоҳиш карда шудааст, ки ба мақомоти милитсияи шаҳри Норак муроҷиат намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД