toyota motors
Бозори «Корвон» минбаъд рӯзҳои ҷумъа ҳам кор мекунад
11.06.2026
Oila.tj
134

Минбаъд бозори «Корвон»-и шаҳри Душанбе рӯзҳои ҷумъа низ фаъолият мекунад. Ин дар ҳолест, ки пештар ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа дар бозор корҳои тозагӣ ва беҳдоштӣ гузаронида шуда, фаъолияти он муваққатан қатъ мегардид.

Тибқи тартиби нав, танҳо душанбеи аввали ҳар моҳ ҳамчун рӯзи беҳдоштӣ муайян шуда, дар ин рӯз бозор барои гузаронидани корҳои санитарӣ баста мешавад.

Масъулини бозор мегӯянд, ки тағйирот бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои фурӯшандагон ва харидорон роҳандозӣ шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД