Маҳсулоти лозима:
2 банан, 200 грамм шакар, 130 грамм равғани маска, ванилин, 95 грамм орд, 40 грамм хокаи какао.
Тарзи таҳия:
Тафдонро ба ҳарорати 180 дараҷа тафсонед. Дар зарфе бананҳоро лат зада, ба он шакар, равғани маска, ванилин илова карда, то яклухт шуданаш лат занед. Баъдан ба он орду намак, хокаи какао илова карда, лат занед. Як қошуқ равғани маскаро ба лаълии тафдон молида, каме какао пошида, хамирро рехта, дар тафдон муддати 30 дақиқа пазед.