arzon replenishment
Бунафша Шокирова дар синни 50 солагӣ даргузашт
1507

 

Бунафша Шокирова, сарояндаи шинохта ва овозадори тоҷик дар синни 50-солагӣ аз олам даргузашт. Марҳум яке аз овозхонҳои маҳбуб буд ва солҳои зиёд дар Ансамбли овозадори “Дарё” фаъолият кардааст.

Бунафша Шокирова зодаи ноҳияи Муъминободи виояти Хатлон буда, бештар таронаҳои мардумиро месароид. Аз марги нобаҳангоми ин сарояндаи ҷавон аҳли ҳунар ва мухлисонаш ба шигифт афтода, марги ӯро талафоти бузурге дар санъати тоҷик гуфтаанд.

Тавре Шаҳло Наҷмиддинова дар саҳифаи “одноклассникаш” хабар дода буд, ки Бунафша Шокирова, бемории вазнин буда, барои табобат ба беморхонаи Қарияи Боло оварда шудааст.

“БУНАФША ШОКИРОВА, САРОЯНДАИ ХУШОВОЗИ ТОҶИКИСТОН БЕМОРИ САХТ ДАР ҚАРИЯИ БОЛО ДАР БИНОИ 10-БИСТАРИ ГАШТААСТ. Каме пештар духтари калонии БУНАФША ШОКИРОВА ба ман занг зада аз ҳолати вазнин будани модараш бо гиряву нола хабар дод, ки холаҷон дар ҳақи модарам дуо кунед.Дар чунин лаҳзаҳо албатта ёру дӯстон ва хешу табор ҳамроҳанд, аммо мебояд дӯстону ҳамкорону ҳамкасбон барои дилбардории хонадон ба аёдаташ бираванд”, хабар дода буд, рӯзи 28 майи соли ҷорӣ

Бунафша Шокирова барои мухлисону ҳаводоронаш суруду оҳангҳои шуниданиро ба ёдгор монд.

Кормандони сомонаи “ОИЛА ТҶ” ба марҳум охирати ободро дуогӯ буда, ба пайвандонаш сабри ҷамил хоҳонанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД