sebiston july new
БӮЙИ ПАДАР (ҚИСМИ 2)
27.10.2020
ОИЛА
2600

ИДОМААШ.....

Модар дигар чизе нагуфт. Ба духтар баҳс карданро нахост. Бе ин ҳам ғиҷова роҳи гулӯяшро баста, ҳарфе аз даҳонаш набаромад. Ҳамин тавр, ӯ хомӯш монд ва аз дил гузаронд: «Духтарам, кош падарат мешуду ту ин суханҳоро бар ман неву ба ӯ мегуфтӣ. Вай марди ҳақиқӣ буд. Ин хоҳиши туро ҳеҷ гоҳ рад намекард. Акнун ман аз тангдастӣ маҷбурам ин посухро ба ту диҳам, лекин пеши роҳатро намегирам. Ҳар чи ки мехоҳӣ, бикун, духтарам!».

Сипас, модар дар роҳҳои пурпечу фарози ғаму андуҳи қабат-қабат хобидаи зери дил роҳгум зад. Вай меҳрубониҳо, ғамхориҳо, табассуми латифи шавҳараш Диловарро аз пеши чашмаш гузаронду ҳукакаш гирифт. Ӯ ба худ савол медод, ки агар Диловар зинда мебуду ин мушкилот, ин ғаму дарди маро медид, худашро чӣ гуна тасаввур мекард? Албатта, Сайёра боварӣ дошт, ки агар дар ин лаҳзаҳои мушкили ҳаёт Диловар зинда шаваду вайро дар ин ҳол бинад, бо чашмони ашколуд ӯро оғӯш гирифта, аз ин бозор мебарорад, аз ҳамаи ин ғаму андӯҳ раҳояш мекунад, дар оғӯши баҳри хушҳоливу хурсандӣ ғарқаш менамояд.

Ин фикру хаёлҳои Сайёра барояш хеле аламовар буд. Охир, Диловар ягона соябони ӯ дар ин дунё маҳсуб меёфт. Ҳама дарди дилашро ба ӯ мегуфт. Боре аз забони Диловар калимаҳои дағал намешунид, балки меҳрубониҳои ӯ то ин дам дар қаъри дили Сайёра ҷой гирифтаву таркаш намекард. Дар назараш суханони ширини Диловар дам ба дам аз ғайб ба гӯшаш такроран садо медоданд.

Фирӯза қатраҳои ашкро дар рухсораҳои модар дида, дарҳол ӯро ба оғӯш гирифт ва хомӯшона гиря кард. Боз алами вайро ёди падар дучанд афзуд. Падаре, ки ҳама «нозу нуз»-и ӯ ва модарашро мебардошту доим ба сару тани онҳо борони меҳру муҳаббатро мерехт. «Кош падарам туро дар ин ҳолат ба оғӯш мегирифт»,- ба дили худ гуфт Фирӯза ва модарро раҳо кард.

Сайёра дигар нахост духтарашро ранҷонад ва ба ӯ рӯ оварда:

-Майлаш духтарам, шаб омада маслиҳат мекунем.

Фирӯза калла ҷумбонда изҳори розигӣ карду ба ҷониби хона қадам гузошт ва ба худ гуфт: «Ҳар вақте модарамро ба оғӯш гирам, бӯи падарамро эҳсос мекунам. Гӯё бӯи падарам бар тани модарам часпидаасту то ҳол аз тани вай дур нашудааст. Охир, шабҳо, ки падарамро оғӯш карда мехобидам, ҳамин гуна бӯйи хуш аз вуҷуди ӯ ба машомам мерасид. Лекин ин бӯйи падар аз тани модарам хиратар мебарояд»…

Модар аз қафои Фирӯза нигоҳ карду даҳонашро бо дасти лоғари рагҳояш намудор пӯшонд ва то нопадид шуданаш аз вай чашм наканда, ба худ гуфт: «Духтаракам рӯзи хушро надид. Хеҷ гоҳ ба ҳамсолонаш баробар шуда натавонист. Худованд ба ман даст надод, ки ақаллан сару либоси вайро баробари ҳамсинфонаш кунам. Бечора, ӯ шарту шароити дугонаҳояшро мебинаду бо худ муқоиса мекунад ва аз дилаш ким-чиҳо мегузаронад. Аз қамбағалӣ ба ҷон задааст, мехоҳад хонда донишманд шаваду зиндагиямонро беҳтар кунад; ба модар ёрӣ расонад, дасти модарро бигирад…».

Фирӯза ба хонаи иҷорагирифтаашон, ки дар қабати сеюми бинои панҷошёна ҷойгир буд ва ду ҳуҷраро ташкил медод, расид. Хоҳарашро дар лухтакбозӣ дарёфт. Вай хоҳари хурдсолашро дар оғӯш гирифта, бо лаҳни кӯдакона бо ӯ чанд ҳарф гуфт. Боз гурусна ва ё сер буданашро пурсид. Сипас, ӯ азми таомпазӣ кард. Ба ошхона рафт. Ба кофтукоб шурӯъ намуд. Аммо ба ҷуз се картошкаю ду пиёз дигар чизе наёфт. Ҳатто дар дастурхон нон ҳам набуд. Фирӯза зарфи равғанро аз назар гузаронд. Дар он қатрае аз равғанро надид. Баъдан сарпӯши дегчаро бардошт. Дар он каму беш равған дарёфт ва андешид: «Ин картошкаю пиёзҳоро дар равған бирён карда ба хоҳарам медиҳам…».

Фирӯза ба таом пухтан машғул шуд ва дар ҳамин ҳолат ба хоҳараш чашм дӯхт. Хоҳарашро дида, даврони кӯдакии хешро ба ёд овард. Вай дар синну соли хоҳараш будану чӣ тавр худро ба гардани падар овезон кардан, шабҳо дар оғӯши падар хобидан ва он шаби даҳшатовареро, ки ба қавле шаби марги падараш буд, аз пеши чашм гузаронд:

***

Охирҳои фасли тирамоҳ ҳукмронӣ мекард. Ҳама хазону зард менамуд. Баргҳои дарахтон қабат-қабат болои ҳам дар замин мехӯфтанд. Ҳарорати боду ҳавои Ховалинг хунуктар мешуду рӯз ба рӯз тағйир меёфт. Масалан, агар рӯзе аз талу теппаҳо туман фарояд, рӯзи дигар осмони соф, абрнок ва ё борон ба назар мерасид. Вазиши шамол ҳам дам ба дам суръат ва самти ҳаракати худро дигаргун мекард. Ҳамин тавр, боди хунук, боронҳои пайдарпай ва пироҳани сафед ба бар кардани қуллаҳои кӯҳи Чилдухтарон аз наздик омадани фасли сармо дарак медод.

Вақти намози шом мерасиду Фирӯзаи панҷсола аз бозӣ сер намешуд. Вай назди дарвозаи кабудранги хонаашон бо дугонаҳояш лухтакбозӣ мекард. Фирӯза барои он назди дарвозаро ҷойи бозии худ қарор медод, ки падараш бегоҳирӯзиҳо, вақти аз кор баргаштан ба ҳамин роҳ ба хона медаромад. Фирӯза бошад, вақти омадани падараш бозиро фаромӯш карда, давида ӯро пешвоз мегирифт. Падарашро оғӯш карда, аз сару рӯяш мебӯсид. Вақте ки Диловар каме қомати худро хам мегирифт, Фирӯза дастонашро давр то даври гардани падар ҳалқа карда, мустаҳкам медошту худро овезон мекард. Ана, баъд Диловар ӯро ба бағал мегирифт. Тақрибан ҳама бегоҳирӯзиҳо ҳамин тавр мегузашт. Аммо ин бегоҳ вақти намози шом мегузашту аз падари Фирӯза- Диловар дараку паяке набуд. Вай дар дигар рӯзҳо ин тавр дер аз кор барнамегашт. Ӯ ҳар рӯз пеш аз вақти намози шом ба хона мерасид.

Фирӯза беқарор шуд. Ба қавле даруни дилаш алав гирифт. Вай тез-тез ба роҳи сангфарши байни хонаҳои деҳаи Ҳафтчашма то охири кӯча чашм давонд. Роҳи падарашро интизорӣ кашид. Аммо, вақте ки падарашро надид, каме ба ғазаб омад. Ӯ аз бетоқатӣ ба тарафи осмон чашм ало карда, имрӯзро ба рӯзҳои гузашта муқоиса намуда, ба худ савол дод: «Чаро дар рӯзҳои офтобӣ Офтоб ба паси кӯҳ фурӯ нарафта падарам бармегаштанду имрӯз аз Офтоб нишоне намондаасту ӯ барнамегардад? Охир, имрӯз Офтоби бечораро абрҳо баромадан ҳам намонданд-ку… Эҳ, ин падарҷони ман куҷо шуда бошад? Чӣ кораш афтода бошад? Чаро имрӯз ба хона наомад?».

Шамоли сарди тирамоҳӣ ба вазидан шурӯъ кард. Он бо худ сардиеро дошт. Аз афташ барфро аз паяш меовард. Дар осмон абрҳои пора-пораи хеле зиёди монанд ба деву парии афсонавӣ ба сӯйи қуллаҳои баланди Помир шино мекарданд. Аз пасашон абрҳои сиёҳи домандори мисли матои сафеди чиркин, ки батамом ин баҳри нилобирангро мепӯшонданд, пайдо мегаштанд. Онҳо ҳам сар ҷониби Бадахшон ниҳода буданд; аз паси абрҳои пора-пора мерафтанд. Ғайр аз ин, ин абрҳои сиёҳи аз дур намоёншуда боз наъра ҳам мекашиданд, ки ин садои онҳо ба гӯши Фирӯза хиратар мерасид. Лекин Фирӯза ба ин гуна сару садоҳо аҳамият намедод. Ӯ дар фикри падараш ғарқ шуда буд. Дугонаҳояш бошанд, аз хамурост шудани дарахтон, резиши баргҳои онҳо ва садои раъду барқ дар воҳима афтода, кайҳо ба хонаҳояшон баргашта буданд.

Фирӯза пушти дарвоза танҳо монд. Вай канори роҳ баргҳои наврехтаро ҷамъ намуда, ба онҳо бозӣ мекарду сухан мегуфт: «Шуморо барои он ҷамъ мекунам, ки шамол шуморо ба ҳар сӯ набарад, шаб хунук нахӯред. Ана ман шуморо дар назди дарвоза мемонам. Саҳар омада хабар мегирам». Боз баргҳои зардранге, ки аз вазиши шамол аз шохаҳои дарахтон раҳо меёфтанду тоб хӯрда-тоб хӯрда ба сӯи замин меомаданд, ба чашми Фирӯза бармехӯрданд. Ӯ дастонашро кушода аз паси онҳо ба ҳар тараф медавид, баргҳоро пайгирӣ мекард.

Вай ба ҳамин васила вақташро тезтар мегузаронд. Ӯ мақсади бо баргҳо бозӣ карданро надошт, балки омадани падарро интизор буд. Фирӯза аз пайдо нашудани падараш ғамгин мешуд, бетоқат мегашт, ҳар чи зудтар омадани падарро мехост. Фирӯза бо падараш ба хона даромаданро бисёр дӯст медошт. Сари дасти падар ба хона ворид шудан барои вай писанд буд. Ӯ намехост, ки бегоҳирӯзиҳо худаш танҳо ба хона дарояд.

-Фирӯза, о Фирӯза,-ана садо баровард модар аз таги айвони хонаи сеҳуҷрадоштаи берунаш бо лой андовакардашуда.

Фирӯза бо лаҳни ширини кӯдаконаи худ ҷавоб дод:

-Ҳа, очаҷон, чӣ мегӯӣ?

-Дар куҷоӣ? - пурсид модар ва сӯйи дарвоза қадам барчид.

Фирӯза аз пушти дарвоза, аз канори роҳ ҷавоб дод:

-Дар беруни дарвоза.

-О, ту чи кор мекунӣ он ҷо? Охир рӯз торик шуд. Ба хона биё, боз натарсӣ?.

Фирӯза абрувонашро чин карда ду китф дарҳам кашида ҷавоб дод:

-Охир, падарам наомаданд. Ӯ диёр нест. Ба куҷое рафтааст. Ба назди мо дигар барнамегардад.

-Падарат ҳозир меоянд. Ту ғами ӯро нахӯр. Биё, ҷони оча, ту ба хона даро. Падарат меояд. Ӯ моро ҳеҷ гоҳ танҳо намегузорад.

-Не, намеоям. То падарам наоянд, ман ба хона намедароям,-гуфт Фирӯзаву ду қавоқашро сар ба сар кард.

Сайёра табассумкунон назди Фирӯза омад. Ӯро дилбардорӣ карда бардошта ба хона овард. Аммо Фирӯзаи «эрка» ба модар гап намезад. Қошу қавоқашро ҷамъ намекард. Ба модараш ба рӯйи турш менигарист, лекин модар ҳар дафъа, ки вайро нигоҳ мекард, ханда дар лабонаш пайдо мешуд ва ба худ мегуфт: «Эҳ Худое, духтар падарро ин қадар дӯст ҳам медоштааст. Як дам падарашро набинад, худашро девона карда мемонад».

Фирӯза ба хона даромад. Назди оташдоне, ки модараш дар он чӯбу тапак тал карда, барои даргирондан омода сохта буд, нишаст. Дар ҷое, ки ҳар шаб падараш дар он ҷо менишасту Фирӯза сари зонуи вай ва аз китоби «Алифбо» ҳарфҳои аз худ кардаашро барои падарҷонаш аз ёд мехонд. Андаке гузашт. Фирӯза бо ёди падар ба гиря кардан пардохт. «Атаҷон» гуфта, назди оташдон нишаста мегирист. Бо лаби камзӯлчаи ғафси худ оби дидаву бинияшро пок карда мемонд. Вай гоҳ-гоҳ ба сари модараш дӯғ зада, «чаро шаб шуду атаҷонам намеоянд?»,- мегуфт. Боз бо овози гиряолуд садояшро баландтар мекард: «Падарам моро партофтааст, дигар намеояд, духтари дигар гирифтааст…».

Сайёра ба шунидани ин суханони духтараш механдиду ҷавобе намедод. Ӯро бо чашмони пур аз меҳру муҳаббати модарона менигарист. Боз меандешид, ки Диловар тезтар ояду ин қаҳру ғазаби духтарашро бинад. Бинад, ки духтараш аз қаҳр чӣ гуна мӯйҳояшро тилту парешон карда мондааст.

Албатта, нозу бозори ин фарзанди ягонаашон барои ҳар ду ширин буд. Диловару Сайёра чунин ҳолатҳоро хеле вақт ба забон меоварданду механдиданд. Ғайр аз ин, онҳо дар вақтҳои холигӣ ин гуна рафторҳои духтарашонро ба ёд оварда, Фирӯзаро ба оғӯш гирифта мебӯсиданд.

Сайёра чашм аз дидагони қаҳваранг ва ашки бари рухсораҳои Фирӯза намеканд. Дасту пошапиҳои духтараш ӯро ба тааҷҷуб меовард. Вай аз ин бетоқатии духтараш дар ҳайрат меафтод ва ба худ суол мекард: «Чаро Фирӯза падарашро ин қадар дӯст медорад? Бе падараш об аз гулӯяш намегузарад. Дигар кӯдакҳо ин хел нестанд –ку».

Фирӯза, дар ҳақиқат, падарашро дӯст медошт. Бо падараш бозӣ карданро нағз медид. Вай намехост, ки падараш як лаҳза аз пеши чашмаш дур шавад. Ҳатто саҳаргоҳон, ҳангоми ба кор рафтани Диловар дар чашмони Фирӯза ашк ҳалқа мезад. Мабодо шабе падараш намеомад, ӯ то субҳ хоб накарда гиря мекард.

Шамоли тирамоҳӣ торафт суръати нав мегирифт. Акнун бод вазнинтар мевазид, аз болопӯшҳои баъзе хонаву аловхона ва оғилхонаҳо шиферпораҳои куҳнаю фарсударо ба замин ҳаво медод. Ин шамол дарахтонро чун химча хаму рост мекард, дар шохаҳо қариб, ки баргеро намемонд, навдаҳои фарсудаю камқувватро ба осонӣ канда ба замин мепартофт. Шамол чун роҳгумзада ҳуштак кашида, дар торикӣ ба дари ҳар кӯчаву ҳавлӣ медавид. Борон ҳам бо суръат ба боридан шурӯъ кард. Садои чак-чаки борон, ҳуштаккашии шамоли пурдаҳшат ва тарақотуруқи ба замин афтодани шиферпораҳо, навдаю шохаҳои дарахтон ва дигар асбобҳои рӯзгор бо ҳам омехта гашта, фазои сокиту ороми Ховалингро ноором, пурғулғула ва воҳиманок мекард, дару тирезаҳоро ба ларза меовард. Ин садо дар торикии шаб ба дили кас тарсу ҳарос, даҳшат ва ваҳму воҳимаро ба вуҷуд меовард.

Садои дарвоза баланд шуд. Касе онро бадқасдона кушод. Ё эҳтимол, шамол онро кушоду боз ба қаҳр пӯшид. Ин дарвоза ҳангоми кушодашавӣ аз худ ҳамин хел садои баланди гӯшхарош мебаровард. Гӯё ба соҳибхона омадани касро пешакӣ хабар медод. Лекин шамолҳои босуръати ин диёр ҳам гоҳ-гоҳ вайро кушодаву пӯшида метавонистанд.

Ин садоро Фирӯза ҳис кард. «Атаҷонам меояд, атаҷонам!»-гуфта аз ҷой саросема бархост. Ӯ ба модараш нигоҳ накарда, чолокона давида ба таги долон баромад. Модараш низ аз паси вай шуд. Аммо Фирӯза касеро надид. Садои пойеро низ нашунида монд. Чанд дақиқаи дигар таги долон истод. Ба садои борону бод гӯш медод. Фикри падарашро мекард, ки дар ин гуна шаби торики боронӣ чӣ гуна ба хона бармегардад.

-Ана дидӣ, касе нест, дарвозаро шамол кушодааст. Биё, ба ҳуҷра даро, духтарам. Падарат андак баъд меоянд,- гуфт модару дасти Фирӯзаро дошта ӯро ба ҳуҷра даровард.

Боз лабу лунҷи Фирӯза овезон шуд. Ӯ ноилоҷ ба ҳуҷра баргашт. Назди оташдон нишаст. Модараш оташро даргиронда монд. Алав дар оташдон месӯхту ҳарорати хона баланд шудан мегирифт…

Садои дарвоза мисли пештара дигарбора баланд шуд. Фирӯза боз аз ҷой хеста сӯйи долон давид.

-Ба куҷо меравӣ, э духтар. Шамол аст, шамол! Дарвозаро шамол кушода истодааст,- гуфта овоз баланд кард модар. Лекин Фирӯза ба гапи модар гӯш надод. Ба таги долон расида, ба гирду атроф чашм давонд, вале ба ҷуз торикии ғализ дигар ҷойеро дида натавонист. Ҳама ҷо гӯр барин торик буд. Илова бар ин, гӯшҳояш як дам аз садо фориғ намемонданд, шикасти шиферпораҳо, шохаҳои дарахтон ба гӯшаш мерасид...

Фирӯза дилтанг шуд. Вай овоз бароварда, чанд маротиба «ата» гуфта бо тамоми ҳастияш фарёд зад. Аз ҳеҷ ҷонибе касе ба вай ҷавоб нагардонд. Ӯ акнун оромиро беҳтар донист. Мисли сарбозони дар сафбуда таги долон рост меистод.

ИДОМААШРО ФАРДО СОАТИ 21—00 ИНТИЗОР БОШЕД!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД