Gazprom july 2025
Чаро кӯдакони муҳоҷиронро ба таҳсил дар мактабҳои Русия роҳ намедиҳанд?
125

Дар соли нави хониш шумораи кӯдакони муҳоҷирон дар мактабҳои Русия ба маротиб кам мешавад. Дар ин бора спикери парлумони Русия Вячеслав Володин хабар дода, сабаби кам шудани шумораи кӯдакони шаҳрвандони хориҷиро дар мактабҳои Русия шарҳ додааст.

Володин гуфтааст, ки теъдоди кӯдакони шаҳрвандони хориҷӣ дар мактабҳои Русия баъди қабули қонун дар бораи тасдиқи донистани забони русӣ тариқи супурдани имтиҳон ба маротиб кам шудааст, зеро қисми зиёди кӯдакони шаҳрвандони хориҷӣ аз имтиҳон намегузаранд.

Муҳоҷирон шояд умедашонро аз таҳсили фарзандонашон дар мактабҳои Русия кандаанд, ки камтар ариза пешниҳод менамоянд. Аз ҷумла дар вилояти Нижегород шумораи аризаҳои шаҳрвандони хориҷӣ барои қабули кӯдаконашон ба мактаб қариб 10 маротиба ва дар Воронеж 7 маротиба камтар шудааст.

“Дар Калуга аз 91 кӯдаки муҳоҷир 55 нафар, дар Свердловск аз 66 кӯдаки муҳоҷир 53 нафарашон, дар Тула аз 62 кӯдаки муҳоҷир 32 нафар ва дар Қрим аз 10 кӯдаки муҳоҷир 4 нафарашон аз имтиҳон нагузаштаанд”,- гуфтааст Володин.

Дар Тотористон ҳар даҳумин кӯдаки шаҳрвандии Русияро надошта аз имтиҳон афтодааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД