Ширкати ҳавопаймоии Centrum Air-и Ӯзбекистон парвозҳоро дар хатсайрҳои Тошканд - Душанбе - Тошканд ва Самарқанд - Душанбе - Самарқанд оғоз менамояд.
Тибқи иттилои Оҷонсии ҳавонавардии граждании Тоҷикистон, нахустин парвоз дар масири Тошканд - Душанбе рӯзи 19-уми июл ва дар масири Самарқанд - Душанбе 20-уми июл анҷом дода мешавад. Ба гуфтаи манбаъ, дар ҳарду хатсайр парвозҳо ҳафтае ду маротиба ба нақша гирифта шудаанд.
Арзиши чипта дар масири Тошканд - Душанбе 653 ҳазор сӯми ӯзбекӣ (тақрибан 495 сомонӣ) ва дар масири Самарқанд - Душанбе 608 ҳазор сӯм (тақрибан 460 сомонӣ) муқаррар шудааст.
Ба иттилои расмӣ, роҳандозии ин парвозҳо дар асоси созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи алоқаи ҳавоӣ сурат гирифтааст, ки 9-уми марти соли 2018 ба имзо расида буд.