sebiston july new
Чӣ тавр марди занбоз домуллои номдор шуд?
2242

 Ишқи мундуқ

Қиссаи ишқи Нусрату Мафтуна дар яке аз деҳаҳои куҳии Ҳисор афсонаи даҳони мардум гашта буд. Мафтуна духтари зебову хондагӣ бошад ҳам, Нусрати мундуқчаро, ки ҳамагӣ як метр қад дошта, ҳамчун як ҷавони авбоши бесавод ва лақӣ ном бароварда буд, дӯст медошт. Аҳли деҳа ҳайрон буданд, ки муаллимаи зебову пешқадами мактабашон дар ин бачаи қадпасти назарногир чӣ ёфта бошад. Нусрат дар деҳа мағозаи хӯрока дошт ва шояд дили духтарро бо туҳфаву ширинӣ ё пул ёфта буд, ки Мафтуна барои дӯстдоштааш ҷонашро дареғ намедошт. Дугонаҳояш борҳо Нусратро дар мағоза бо духтарони дигар машғули чақ-чақ дида, ба Мафтуна хабар оварда бошанд ҳам, дили духтар ҳеҷ аз ишқи ин мундуқи пояи сандуқ сард намегашт...

Исёни модар

Волидони Нусрат ба дин дода шуда буданд ва худро саидзодаю эшонзода ҳисобида, ҳар касро писанд намекарданд. Вақте хабари ишқу ошиқии писарашон ба гӯши ин муллобашараҳо расид, ҳуш аз сарашон парид. Падари Нусрат, мулло Назар қиёматро қоим карда гуфт, ки то рӯзе вай зинда аст, он духтари сарлучу пойлуч пояшро ба остонаи дари хонаи онҳо намемонад, модараш бошад, дасту остин барзада, субҳи барвақт ба мактаб рафт ва дар назди ҳама Мафтунаро фоҳишаву бероҳа номида, чунон шарманда кард, ки духтари бечора аз шарм чанд рӯз ба кор рафта натавонист...

Қасами падар

Волидони духтар аз корнамоиҳои модари Нусрат огаҳӣ ёфта, Мафтунаро хуб сарзаниш карданд, ки дигар одам наёфта ба ҳамон бачаи якваҷабаю шумшуки мулло Назару Назокат- ҷиннӣ, ки ба нохуни пойи ӯ намеарзад, ошиқ шудааст. Падари Мафтуна сари қаҳр қасам хӯрд, ки духтарашро ба ягон мӯйсафед ба занӣ медиҳаду ба Назари мундуқ не, вале...

Тӯйи бе доира

Барои он ки писарашон дигар аз паси духтари хондагии чашмаш кушодагӣ надавад, Мулло Назару Назокат- ҷиннӣ худи ҳамон ҳафта аз ҳамсоядеҳа як духтараки нахондаи ба қавли худашон ҳанӯз очааш набӯсидаро ба Нусрат фотиҳа карданд. Ҷавон ҳарчанд “ман дӯстдошта дорам” гуфта, доду вой карда бошад ҳам, касе ба гапаш гӯш накард. Падару модараш дасту остин барзада, дар 10 рӯз як тӯяки хоксоронаи бе ҳофизу рақсу бозӣ ва карнаю сурнай ороста, келин фароварданд. Рӯзи тӯй Нусрат бо дили нохоҳам дар паҳлуи арӯси қишлоқиаш, ки бар замми ду метр қаду беш аз 100 кило вазн доштанаш боз дамдузду қавоқӣ буд, қадам зада, аз дил мегузаронд, ки чаро падару модараш ин духтари бадафтро, ки на сурати зебо дораду на сирати нек аз Мафтунаи нозанин авлотар донистанд...

Меҳри яке ба дил ҷо, сар дар канори дигар

Ҳама гумон доштанд, ки бо ҳамин қиссаи ишқи муаллимаву Нусрати якметра ба охир расид, вале дилдодагон дилу нияти аз ҳам ҷудо шудан надоштанд. Нусрат ҳатто дар шаби аввалини висол аз ҷогаҳи арӯс ба маҳбубааш смс-ҳои ошиқона навишта, то ҳол волаву шайдои Мафтуна буданашро баён менамуд ва духтарро бовар мекунонд, ки осмон омада ба замин часпад ҳам, илоҷе карда, ӯро ба занӣ мегирад...

Бачаи дар ҳила гум

Дили Нусрат ҳеҷ ба арӯси ба қавли худаш “тапакрӯйи” ёфтаи падару модараш гарм намешуд. Вай бо гардани баста бо занаш зиндагӣ карда, ҳамеша дар андешаи он буд, ки бо кадом роҳ Мафтунаи мисли ғунчаи гул зебою дилкашро аз они худ созад. Духтар қасам хӯрдани падарашро ба ӯ расонда буд ва Нусрат метарсид, ки ягон ҷавони дигар ишқи ӯро соҳибӣ мекунаду як умр ин доғ дар дилаш мемонад.

Ниҳоят пас аз фикру андешаҳои зиёд ин ҷавони дар ҳила гум роҳи ба висоли маҳбубаашро расиданро ёфт ва субҳи содиқ бо баҳонаи овардани бор роҳи шаҳрро пеш гирифт...

Хушдомани “фалшивий”

Ҷавон дар шаҳр Меҳрӣ-хола ном апахонди тоҷир дошт, ки ҳамеша аз вай бор гирифта, дар деҳа ба савдо мезад. Вай дарди дилашро ба ин зан гуфта, хоҳиш намуд, ки дар амалӣ кардани нақшааш ёрӣ расонад. Меҳрӣ-хола аввал нею нестон карда бошад ҳам, баъд ба хотири ошноии чандинсолаашон розӣ шуда, рӯзи дигар ба хонаи падару модари Мафтуна хостгорӣ рафт. Волидони Мафтуна бо дидани дастурхони пур аз қанду қандалоти хостгори шаҳрӣ хурсанд шуданд ва ҳатто аслу насаби домодро напурсида, дарҳол розигӣ доданд. Мафтуна аз мазҳакаи хостгорон огаҳ бошад ҳам, дар ин бора ба касе лаб накушод...

Домоди сохтаю нимаи бахт

Рӯзи тӯй ҳам фаро расид. Домоди ёфтаи Нусрат дар ҳақиқат ҷавони қоматбаланди зебое буд, ки бо диданаш дили ними духтарони деҳа таҳ кашида, ба арӯси хушбахт ҳасад бурданд. Мафтунаро арӯс карда, ба мошин шинонданд ва корвони мошинҳо биб- бибкунон чангу хоки деҳаро ба ҳаво хезонда, ҷониби шаҳр роҳ пеш гирифт.

Арӯсро ба хонаи иҷора гирифтаи Нусрат оварданд. Домод Мафтунаи дар либоси арӯсӣ мисли парӣ зебогаштаро ба таги чодар дароварда, бо ҳамин бе ному нишон ғайб зад. Меҳрихола бошад, ҳамчун модари домод янгаҳои аз паси арӯс омадаро хуб зиёфат дода, ба хонаҳояшон гусел намуд. Баъди рафтани ҳама Нусрат ба хона омад ва дилдодагон ба висоли ҳамдигар расиданд.....

Тиҷорат баҳонаю...

Акнун Нусрат тиҷоратро баҳона карда, ними умрашро дар шаҳр дар оғӯши Мафтунаи нозанин мегузаронд. Дар ин миён зани қишлоқии Нусрат писар таваллуд кард. Мафтуна низ аллакай ҳомиладор шуда буд ва дилаш мудом туршӣ мекашид. Пайвандонаш дар як моҳ ду маротиба ба хабаргирии ӯ меомаданд, вале ягон бор домодро дар хона намеёфтанд. Мафтуна мудом баҳона пеш меовард, ки шавҳараш ба командировка рафтааст. Касе аз аҳли оила ва ҳамдеҳагон андеша намекард, ки чаро ин домоди шаҳрӣ ба хонаи хусуру хушдоманаш меҳмонӣ намеравад, аммо...

(Идомаашро фардо соати 8-05 интизор бошед)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД