35 years of independency
ОЯНДАИ ПИСАРАМ ЧӢ МЕШАВАД?
31.10.2026
Оила
57

ОЯНДАИ ПИСАРАМ ЧӢ МЕШАВАД?
Ассалому алайкум, аҳли эҷоди ҳафтаномаи “Оила” ва хонандагони азиз. 
Ман ҳам модарам ва ҳам хушдоман. Муддате боз як масъала маро сахт азият медиҳад. Баъзан шабҳо хобам намебарад. Гуфтам, дарди диламро нависам, шояд шумо ва хонандагон маслиҳате диҳед.
Ман барои писарам бо ҳавасу орзуи зиёд келин кофтам. Мехостам духтари хубу боодоб ёбам, ки ҳамсари меҳрубони писарам ва келини хонадон шавад. Оқибат аз як гӯшаи дурдасти ноҳияамон духтареро бисёр таъриф карданд. Гуфтанд, ки оилаи хуб дорад, худаш ором, шармгин ва беозор аст.
Мо ҳам бовар кардем. Ҳар чӣ доштем, сарфа карда, қоидаву расму оинро ба ҷо овардем ва духтарро ба писарам келин карда овардем.
Ростӣ, келинам духтари бад нест. Дили соф дорад, ҷанҷол намекунад, сухани сахт намегӯяд. Аммо баъди чанд ҳафта пай бурдам, ки рафтораш аз духтарони ҳамсолаш фарқ мекунад. Баъзе чизҳои одиро намефаҳмад ва корҳое мекунад, ки кас ҳайрон мемонад.
Як рӯз бо модараш танҳо суҳбат кардам. Гуфтам: «Хоҳар, духтаратон пеш ҳам ҳамин гуна буд?» Модараш аввал хомӯш монд, баъд гиря кард. Иқрор шуд, ки духтараш аз хурдӣ хеле сода будааст. Ман ранҷидам. Гуфтам, агар инро пешакӣ мегуфтед, мо ҳам медонистем чӣ қарор бигирем.
Писарам низ қариб ҳар рӯз шикоят мекунад. Як рӯз омад ва гуфт: «Оча, келинат либосҳоямро ба ҷойи дарзмол кардан бо қайчӣ пора карда, дар сатили партов андохтааст».
Аз писарам пурсидам: «Рӯзи вохӯрӣ ягон чизро ҳис накардӣ?» Гуфт, ки духтар ҳамроҳи хоҳараш омада буд. Хоҳараш ҳамеша аз дасташ дошта меистод ва мегуфт: «Хоҳарам бисёр шармгин аст». Писарам ҳам гумон кардааст, ки рафтораш аз шарму ҳаёст.
Ҳоло баъзан нисфи шаб аз хоб мехезад ва бо овози баланд суруд мехонад. Гоҳе ногаҳон назди ман омада, гӯшамро сахт мекашад. Баъд худаш механдад, гӯё ҳеҷ чиз нашуда бошад.
Бовар кунед, дилам барои ин духтари беозор месӯзад. Ӯ чӣ гуноҳ дорад? Пеш карданашро ҳам раво намебинам. Аммо писарам ҷавон аст. Оянда фарзанддор шаванд, зиндагияшон чӣ мешавад?
Намедонам чӣ кор кунам. Илтимос, ин масъаларо таҳлил кунед ва маслиҳат диҳед. Мехоҳам ҳам ҳаққи ин духтар поймол нашавад ва ҳам зиндагии писарам барбод наравад.
Марзия, модаре аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД