formula
Чаро Фарҳод зинда рафту мурдаашро оварданд?
13458

 

Шанбе буд. Аввалҳои “чиллаи калон”- и зимистонро мемонд. Ҳаво абрнок, аммо бебориш. Дар се гӯшаи деҳа тӯйи арӯсӣ мерафт.

Субҳи барвақт Фарҳод барои таъмини рӯзгор барои ба саҳро баромадан омодагӣ дид. Ҳарчанд модараш чанд бор гуфт, ки наравад, аммо ӯ “Ин рӯзро Худо додаст (манзур ҳавои бебориш аст)” гуфта, роҳи саҳроро пеш гирифт.

Тӯйҳо идома доштанд. Мардуми деҳа мегуфтанду механдиданд. Соат 10-и рӯз шуду Фарҳод ҳанӯз ҳам дар саҳро буд. Чун ӯ ҳар рӯз ба саҳро мерафту ҳамин хел дер бармегашт, модараш дилпурона ба хонаи ҳамсоя, ки яке аз туйхонаҳо онҷо буд, рафт.

Соат 12. Алакай нисфирӯзӣ. Субҳон, додари Фарҳод дар ташвиш афтода, ба ӯ занг заду пурсид: “Дар куҷоед ака? Алакай нисфирӯзӣ шудаасту аз шумо хабаре нест. О тез биёед аз тую тамошо дер намонед". Фарҳод дар ҷавоб “Омада истодаам. Ҳозир аз кӯҳ фаромада, ба роҳ мебароям” гуфт.

Баъди ин ҷавоб модари ӯ бо дили пур, ки фарзандаш алакай дар роҳ асту ҳамин ҳозир меояд, дар тӯйхона ҳамроҳи ҳамсояҳо то бегоҳ гуфтанду хандиданд. Аммо Фарҳоди берӯзӣ ҳангоми аз кӯҳ ба роҳи калон фаромадан пояш лағжиду аз кӯҳ ҷар шуд ва омада дар поён афтид. Ӯ аз пушти гарданаш сахт лат хӯрда буд ва худро кашон - кашон бо бадани хунолуд рӯи роҳ баромад, то ки нафаре омада, ӯро дар роҳ бинаду ба додаш расад. Афсус, ки он рӯз бо баҳонаи тӯй касе аз мардуми деҳа ба саҳро набаромада буд.


МАРО ҲАМРОҲИ ПИСАРАМ ГӮРОНЕД!


 Ҳаво ҳар дақиқа хунук мешуд. Боридани барфи бошиддат ба назар мерасид. Соат алакай 17-и бегоҳ ва мардум ҳанӯз ҳам рақсу бозӣ доранд. Аммо Фарҳод дар як дараи беодам зери барф мехобиду аз шиддати зарбаи аз пушти гарданашхӯрда ва сармои зиёд ҷисми нимҷони худро такон дода ҳам наметавонист.

Модар ба хона баргашт. “Фарҳод ҳанӯз ҳам наомадааст?”, - гуфта, аз фарзанди дуюмаш, додари Фарҳод пурсид. “Мумкин дар роҳ бошад, очаҷон", - гуфт ӯ бепарвоёна. Дили модарро алакай сиёҳӣ зер мекард. Ба Субҳон гуфт, ки пешаш равад ва агар ӯро бинад бо бародараш якҷо хона оянд. Субҳон дарав ба дӯсташ Дилшод занг зада, ҳамроҳи ӯ ба саҳро баромаданд.

Ҳамин хел соат 20 - и шаб шуд. Субҳону Дилшод дар ҷустуҷӯи Фарҳод. Ҳарчанд тамос мегирифтанд, бача ба занги Субҳон ҷавоб намедод. Барф ҳанӯз ҳам меборид. Дилшод пешпешу Субҳон аз қафо миёни шамоли сарди зимистон бародар мекофтанд. Ногоҳ ба чашми Дилшод ҷисме намудор шуд, ки рӯи роҳ беҳаракат мехобид. Дукаса давида наздаш рафтанд, вале ...

Болои Фарҳоди ғуррамаргро аллакай барф пӯшонда буд. Субҳон доду фиғон бардошт, аммо дигар бефоида буд. Дилшод ба деҳа занг зада, кӯмак талабид. Хабар базудӣ тамоми деҳаро фаро гирифт ва ҳама шитобон сӯи саҳро рафтанд.

Ҷисми беҷони Фарҳоди ғурамаргу аз шиддати сармои зиёд карахтгаштаро соати 22 – и шаб ба хона оварданд. Туйхонаҳо мотамхона шуданд. Охир, ӯ ҳам ҷавон буд. Ӯ ҳам дар дил орзуву ҳавас дошт. Аммо дунё ба ӯ вафо накард. Фарҳодҷон қомати ҷавонони деҳаро шикаст, чунки ҳама ӯро дӯст медоштанду ҳурмат мекарданд. Охир ӯ нафаре буд, ки ҳатто мӯрчаро озор намедод...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД