Ҳамал (21 март-20 апрел)
Рӯзи шумо барои муҳаббат ва фароғат мусоид аст. Эҳтимол мулоқоти ошиқона ё шиносоии ҷолибе ба амал ояд ва бо хушгуфторию ҷозибаи худ диққати дигаронро ба худ ҷалб намоед. Дар муносибат бо баъзе шиносон баҳсҳо имкон доранд, вале дӯстони содиқ шуморо дастгирӣ мекунанд. Агар дар кор имкони пешрафт набинед, вақти хуб барои тағйири касб аст. Ба истироҳат, шуғли дӯстдошта ва саломатии худ низ бештар аҳаммият диҳед.
Савр (21 апрел-21 май)
Дар муносибатҳои ошиқона шахси дӯстдоштаатон ба шумо бовар дорад ва гуфтугӯи самимӣ мехоҳад. Аммо аз гуфтани ҳама норозигиҳо якбора худдорӣ кунед. Дар оила эҳтимоли баҳсҳо вобаста ба корҳои рӯзгор ё хароҷоти пулӣ вуҷуд дорад. Дар масъалаҳои корӣ ҳуҷҷатҳо ва гуфтушунидҳоро бодиққат анҷом диҳед. Имрӯз барои оғоз кардани кори нав чандон мувофиқ нест. Ба саломатӣ ва истироҳат диққат диҳед: фишори зиёди корӣ шуморо хаста кардааст.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Рӯзи муносиб барои муҳаббат ва шиносоӣ аст. Агар касеро дӯст медоред, аз изҳори эҳсосот натарсед ва барои мулоқот қадам гузоред. Шояд ҳатто бо шахсе вохӯред, ки дар оянда ҳамсафари ҳаётиатон шавад. Ба шахси наздик миннатдорӣ ва меҳрубонии худро нишон диҳед. Дар фаъолияти касбӣ пешрафти назаррас дар назар аст ва имкони беҳтар шудани вазъи молиявӣ зиёд мебошад. Аз ҳасади ҳамкорон дурӣ ҷӯед ва ҳамеша бо рӯҳияи мусбат амал кунед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз эҳтимол хоҳиши ба як кори ҷолибу хатарнок даст задан пайдо шавад, вале беҳтар аст ба қарорҳои ногаҳонӣ роҳ надиҳед. Наздикон метавонанд шуморо аз хатогиҳо боздоранд. Бо дӯстону наздикон вохӯред, истироҳат кунед ва муҳити хуш эҷод намоед. Эҳтимол ба зудӣ манбаи нави даромад пайдо шавад, бинобар ин пешниҳоди кори иловагиро сарфи назар накунед. Даромад аз фаъолият ва қарорҳои дурусти молиявӣ вобаста хоҳад буд. Нимаи дуюми рӯз нерӯи бештар эҳсос мекунед.
Асад (23 июл-23 август)
Дар масъалаҳои муҳаббат далертар бошед ва эҳсосоти худро аз ҳад зиёд пинҳон накунед. Боварӣ ба худ, эҳтиром ва муносибати боадабона ба шарик натиҷаи хуб меорад. Агар фарзандон шуморо нороҳат кунанд, онҳоро сарзаниш карданро шитоб накунед; худро дар синни онҳо ба ёд оваред. Барои исботи ҳақ будани худ бо ҳама баҳс накунед, вақт ҳама чизро нишон медиҳад. Имкони хуби молиявӣ низ дар пеш аст. Рӯз барои поксозии рӯҳӣ ва андешаи амиқ мувофиқ мебошад.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Дар ҳаёти шахсӣ тағйироти ҷиддии нохуш дар назар нест. Вазъи муносибатҳо ором буда, барои шиносоӣ ва муоширати ошиқона рӯзҳои хуб фаро расидаанд. Агар меҳмонро интизор бошед, хонаро пешакӣ ба тартиб дароред. Дар кор ташаббускор бошед, роҳбарият кӯшишҳои шуморо қадр мекунад ва ин метавонад ба пешрафти касбӣ мусоидат намояд. Аз хариди зиёдатӣ худдорӣ кунед. Ба аҳли оила меҳрубонӣ нишон диҳед ва барои саломатӣ бештар ҳаракату сайругашт кунед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Аз шиносоӣ бо одамони нав натарсед, махсусан дар маҳфилҳои дӯстона ё ҳангоми сафарҳои корӣ. Ҷозибаву хушмуомилагии табиии шумо метавонад натиҷаи хуб диҳад. Кӯшиш кунед асабоният ва муносибати нохуши атрофиёнро ба дил нагиред. Нигоҳ доштани оромии ботинӣ барои муваффақиятҳои минбаъда муҳим аст. Дар фаъолияти корӣ меҳнатдӯстӣ ва поквиҷдонии шумо ниҳоят эътироф мешавад. Хариди ногаҳонӣ метавонад табъатонро беҳтар кунад, аммо агар бегоҳ хаста шавед, ҳатман истироҳат ва хоби кофӣ кунед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар муносибатҳои ошиқона самимӣ бошед. Имрӯз вақти хубест барои бо шахси дӯстдошта гузаронидани вақт ва таҳкими робита. Беҳтар аст рӯзро бо наздикон гузаронед, истироҳат кунед ва барои ҳафтаи пуркор неру ҷамъ намоед. Дар оянда шиносоӣ бо одамоне имкон дорад, ки шарики корӣ ё ҳатто дӯстони наздик мешаванд. Барои фаъолияти молиявӣ давраи эҳтиёткорона аст: аз дасисаҳо ва қарорҳои шитобкорона дурӣ ҷӯед. Варзиш ва ҳаракати ҷисмониро ба реҷаи ҳаррӯза ворид кунед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз эҳсосоти меҳру муҳаббат ва ҳамдардии шумо хеле қавӣ мешаванд. Барои ҷуфтҳои ҷавон ин метавонад оғози марҳилаи нави муносибатҳо бошад. Агар қоидаҳои худро ба дигарон таҳмил кунед, масъулияти натиҷаҳои он низ ба дӯши шумо меафтад. Субҳро беҳтар аст ба корҳои эҷодӣ бахшед, зеро ҳамкорӣ бо дигарон метавонад каме душвор бошад. Муомилоти хатарноки молиявиро ба рӯзи дигар гузаронед ё пеш аз қарор бо мутахассиси боэътимод машварат кунед. Аз ҷойҳои серодам низ эҳтиёт бошед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Шояд имрӯз бегоҳ мулоқоти ошиқонае дар пеш бошад. Агар муносибататон нав оғоз шуда бошад, имкони беҳтар шинохтани ҳамдигар пайдо мешавад, вале дар бораи инсон зуд хулоса набароред. Дар муносибатҳо оромӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ бештар мешавад, танҳо эҳсосоти худро пинҳон накунед. Дар кор фаъол бошед ва аз гирифтани масъулиятҳои иловагӣ натарсед, онҳо метавонанд роҳи пешрафти касбӣ бошанд. Дар зиндагӣ фаъолтар амал кунед, вале истироҳат ва саломатиро фаромӯш накунед.
Далв (21 январ-19 феврал)
Дар ҳаёти шахсӣ оромӣ ва ҳамоҳангӣ ҳукмфармост. Эҳтимол шахсе шуморо дӯст медорад, вале ҳанӯз ҷуръат накардааст эҳсосашро ошкор кунад. Фикри худро ба шарик маҷбурона таҳмил накунед; баъзан беҳтар аст каме ақиб нишаста, ба дигарон имкони дарк кардани ҳақиқатро диҳед. Барои пайдо кардани шарикони нави корӣ ва густариши робитаҳои тиҷоратӣ вақти хуб аст. Имкони бастани шартномаҳои муфид, ҳатто бо шарикони хориҷӣ вуҷуд дорад. Ба саломатӣ беэътиноӣ накунед ва дар ҳолати зарурӣ ба духтур муроҷиат намоед.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Ба зудӣ хоҳиши тағйир додани зиндагӣ дар шумо пайдо шуда метавонад. Агар чунин эҳсос доред, аввал аз тағйири худ оғоз кунед. Хотираҳои гузашта ва одатҳои пешина имрӯз бештар худро нишон медиҳанд ва вақти хубе барои суҳбат бо одамони наздик ва ёдоварии рӯзҳои гузашта аст. Тағйирот ногузиранд, аз ин рӯ мутобиқ шудан ба вазъият хеле муҳим мебошад. Агар масъалае муддати дароз ҳалли худро наёфта бошад, ба зудӣ имкони ба нафъи худ тағйир додани он пайдо мешавад. Дар роҳ эҳтиёткор бошед ва аз баҳсҳои баланд дурӣ ҷӯед.