sebiston july new
Чаро фишори хун баланд мешавад?
928



Салом! Ман аслан аз як деҳаи дурдаст ҳастам, вале бо амри тақдир дар шаҳр келин шудам. Шавҳарам дар оила фарзанди ягона мебошад.

Падаршӯям роҳбари як ширкати калон аст, шавҳарам низ бо падараш кор мекунад. Ҳарду сари субҳ баромада мераванду нимаи шаб бармегарданд. Дар хона фақат ману хушдоманам мемонем.

Модаршӯям бемории фишорбаландӣ доштааст. Фишори хунашон тез-тез баланд мешавад. Азбаски дар оилаи мо касе чунин беморӣ надошт, ман дар чунин ҳолатҳо чӣ кор карданамро намедонам. Илтимос, дар бораи фишорбаландӣ каме маълумот диҳед. Вақте фишори хуни кас баланд мешавад, чӣ гуна ба ӯ ёрӣ расонидан мумкин аст?

Зайнаб, сокини ш. Душанбе.

Посух

Баланд шудани фишори хун метавонад нишонаи чандин бемориҳо бошад. Аз ҷумла касалиҳои дил, бемориҳои эндокренӣ ва иллатҳои гурда метавонанд боиси баланд шудани фишори хуни инсон гарданд. Аммо тавре ки таҷриба нишон медиҳад, аз 10 дар 9 ҳолатҳо пайваста ва ё тез-тез баланд шудани фишори хуни инсон нишонаи бемории фишорбаландии шараёнӣ мебошад.

Барои аниқ кардани фишори хун қабл аз ҳама фишорро тавассути дастгоҳи махсус-танометр санҷидан лозим аст. Нишондод 130-140/85-90 мм рт аст ва ё аз ин баланд бошад, маълум мешавад, ки фишори хуни шахс дар ҳақиқат баланд мебошад. Дар чунин ҳолатҳо барои паст кардани фишори хун чораҳои фаврӣ андешидан лозим аст.

Омилҳои баланд шудани фишори хун
Барои кӯмак кардан ба бемор пеш аз ҳама омилҳои баланд шудани фишори хунро аниқ кардан лозим аст. Фишорбаландӣ ду намуд мешавад. Якум: фишорбаландии шараёнии аввалия (первичное артериальное давление) ва фишорбаландии навъи дуюм.

Фишорбаландии аввалия ин бемории мустақили фишорбаландии шараёнӣ мебошад. Дар ҳолате, ки бар асари дигар бемориҳо, масалан иллатҳои дил ва рагҳои хунгарди он, бемориҳои ғадуди сипаршакл, гурда, саратони ғадудҳои болои гурда ё гипофиз фишори хуни шахс баланд мешавад, инро фишорбаландии навъи дуюм меноманд. Фишори хун аз таъсири баъзе доруҳо ва заҳролудшавии организми инсон низ баланд шуда метавонад.

Дар баъзе ҳолатҳо, агар фишорбаландии шараёнии аввалия ба тозагӣ оғоз ёфта бошад, онро бидуни доруҳои кимиёвӣ, бо тағйир додани тарзи зиндагӣ, партофтани вазни зиёдатӣ, даст кашидан аз одатҳои бад ва гузаштан ба ғизои солим табобат намудан имкон дорад, вале касалӣ кӯҳна шавад, мариз бояд бо тавсияи духтур пайваста доруҳои махсусро, ки фишори хунро паст мекунанд, истеъмол карда истад. Барои халосӣ аз фишорбаландии навъи дуюм сарчашмаи беморӣ, яъне касалиҳоеро, ки боиси баланд шудани фишори хун мегарданд, табобат кардан лозим аст.

Сабабҳои гирифтор шудан ба фишорбаландии шараёнӣ

Албатта ҳар як беморӣ сабабҳои худро дорад. Сабабҳои асосии гирифтор шудан ба бемории фишорбаландии шараёнӣ инҳоянд:
1. Вазни зиёдатӣ.
2. Ирсият.
3. Одатҳои зараровар.
4. Стресс, тез-тез асабонӣ ва рӯҳафтода шудан.
5. Зиёд истеъмол намудани хӯрокҳои тезу тунд, шӯр ва ҳасиби дуддодашуда
Нишонаҳои баланд шудани фишори хун
Ҳар як беморӣ аломатҳо ва нишонаҳои хоси худро дорад. Баланд шудани фишори хун бо нишонаҳои зерин аз худ дарак медиҳад:
1. Дарди сар.
2. Ғуввос задани гӯшҳо.
3. Тез шудани таппиши дил.
4. Беҳолию бемадорӣ, арақ кардан.
5. Дилбеҳузурӣ ё қай кардан.
6. Хирашавии чашм ва паст шудани биноӣ.
Нишонаҳои дигари баландшавии фишори хун чарх задани сар, сиёҳӣ задани чашмон, пайдо шудани дард дар қафаси сина, эҳсоси нарасидани ҳаво ва аз ҳуш рафтани мариз мебошад.
Маъмулан ҳангоми баланд шудани фишори хун бемор танҳо 2 ва 3 нишонаи дар боло зикршударо эҳсос мекунад, вале баъзан чунин мешавад, ки фишор бидуни ягона нишона баланд мешавад. Ин ҳолат бисёр хатарнок аст, зеро аз ҳад баланд шудани фишори хун метавонад шахсро ба инфаркт ва ё инсулт гирифтор гардонад. Фишори хуни мариз агар аз ҳад баланд, яъне нишондоди танометр аз 140-150 боло бошад, барои пешгирии ҳодисаҳои нохуш фавран ба табибони “Ёрии таъҷилӣ” занг задан лозим аст, вале чандон баланд набошад, дар шароити хона низ бо қабули доруҳое, ки ба пастшавии фишор ёрӣ мерасонанд, ба мариз метавон ёрӣ расонд.
Вақте ки фишори хун баланд мешавадба мариз чӣ гуна метавон кӯмак кард?
Вақте ки фишори хуни шахс баланд мешавад, барои ба мариз ёрӣ расонидан корҳои зеринро анҷом додан лозим аст:
1. Фишори мариз аз 140 баланд бошад, фавран ба “Ёрии таъҷилӣ” занг занед, вале паст бошад, доруҳои пасткунандаи фишор дода, тез-тез чойи кабуд ва лимӯ диҳед.

2. То расидани табибон маризро шинонда ба пушт ва дар таги кашаш чанд болишт гузоред. Қисмати болоии бадан бояд рост бошад.

3. Тирезаро кушода монед, то ки бемор аз ҳавои тоза нафас кашад.

4. Ба ҳеҷ ваҷҳ нагӯед, ки фишори хунаш бениҳоят баланд шудааст, тарсу ҳарос ва стресс метавонад фишорро боз ҳам баландтар созад.

5. Мариз пайваста бо тавсияи духтури табобатиаш доруҳои зидди фишорбаландӣ мехӯрда бошад, фавран доруҳояшро ба ӯ хӯронед.

6. Фишори хуни маризро 10-15 дақиқа пас санҷида истед.

7. Агар фишори хун хеле баланд ва ҳолати мариз вазнин бошад, то омадани мошини “Ёрии таъҷилӣ” беморро тарзе хобонед, ки сараш аз пойҳояш баландтар бошад. Тирезаро кушода монда, ба сар, гардан ва китфони бемор латтаеро дар оби хунук тар карда гузоред.

8. Ба мариз тез-тез оби ҷӯшомада, чойи кабуд ва лимӯчойи камшакар диҳед.

9. Кӯшиш кунед, ки беморро бо суханони таскинбахш ором созед.

Шахсоне, ки бемории фишорбаландии шараёнӣ доранд, бояд доруҳоеро, ки табиб барояшон тавсия намудааст, ҳар рӯз қабул кунанд.

Назорат карда истед, ки модаршӯятон доруҳояшро мехӯрад ё не ва вақти қабули доруҳояшро ёдрас кардан гиред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД