shoh palace
ЧАРО МАРД РАШК МЕКУНАД
18.04.2021
ОИЛА
2338

Аксари духтарон бар он ақидаанд, ки агар ошиқашон рашк кунад, пас дӯст медорад. Дар асл чунин нест. Дар давраи муносибатҳои ошиқона вақте мард мехоҳад ба зан писанд ояд, сабабҳои рашк оддиянд.

Рашк нишонаи дӯстдорӣ

Аксаран сабаби рашки мард маълум нест ва сарчашмаи пайдоиши ин эҳсосот касро ба ҳайрат меорад. Пайваста занро аз чизе маҳрум сохтан, нобоварӣ, нофаҳмӣ, поиданҳо, таҳқиркуниҳо – ҳамаи ин чизҳо нишонаи эгоизм-худпарастии марданд. Бо марди бадрашк зистан номумкин аст. Мувофиқи омор қариб бист фисади ҷиноятҳо дар асоси рашк ба вуқуъ мепайванданд.

Нобоварӣ ба худ

Аслан ҷавонмардоне рашк мекунанд, ки ба худ боварӣ надоранд. Одатан ин тоифаи мардон дар қаъри дил аз он ҳарос доранд, ки дӯстдоштаашон ҳатман беҳтареро меёбад. Бонувон гоҳо бо мақсади мустаҳкам сохтани оила барои рашк кардани шавҳар қасдан сабабе эҷод менамоянд. Ҳақиқатан ҳам баъзан рашк метавонад муносибатҳои сардгаштаро ранги тоза бубахшад, вале андозаро бояд нигоҳ дошт. Рашки аз андоза берун муҳаббатро мекушад ва сабабгори хонавайронӣ мешавад.

Бадрашк майзада мешавад

Рашки бархе аз мардон ба мисли саҳнаи театр такрор меёбаду якхела аст. Ба чунин мард кӯмаки равоншинос лозим аст. Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки мардони бадрашк ба нӯшокиҳои спиртӣ дилбастагӣ доранд. Танҳо дар ҳолати мастӣ мард метавонад рашкро аз худ дур намояд. Аслан марди бадрашк аз ҷиҳати равонӣ бемор аст.

Хӯҷаини зан

Сабаби дигари рашк дар он аст, ки мард худро хӯҷаини зан мешуморад. Аз ҳамин хотир ҳар як кӯшиши зан барои мустақил будан мардро девона месозад. Рашк мисли муҳаббат дар тамоми синну сол ба мард ёр шуда метавонад. Ҷамъ шудани қаҳру ғазаб низ боиси рашк мегардад. Мардони ба худ ноустувор, онҳое, ки худро аз дигарон кам мебинанд, рашки сахттар доранд.

Рашки зан

Занҳо аз мардон бештар рашк мекунанд. Сабаб дар булҳавасии зотии мардон аст. Мард табиатан қодир аст, ки домони чанд бонуро бо чормағзи пуч пур кунад. Рашки зан бештар бошад ҳам, мисли гулхане, ки як аланга мегираду баъд ба зудӣ хомӯш мешавад, чандон азиятбор нест. Азоби аз рашк мекашидаи мардон чуқуртар аст.

Мард аз тарси рехтани обрӯяш дарду ғамашро дар дил нигоҳ медорад. Маҳз ба ҳамин хотир мард наметавонад ғами дилро берун созад ва ба майзадагӣ рӯ меорад ё бемор мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД