Arzon march 2024
Чаро марди 30-сола дар Гипрозем худро аз ошёнаи 4 партофтанӣ шуд?
690


Як марди 30-сола дар маҳаллаи Гипроземи пойтахт қасди худкушӣ намуда, мехост худашро аз ошёнаи 4-ум ба замин ҳаво диҳад, вале...

Ин ҳодисаи нохуш рӯзи 23-уми октябр, тахминан соатҳои 01:20 дақиқаи шаб рӯй дода, як марди 30-сола дар маҳаллаи Гипроземи шаҳри Душанбе худро аз ошёнаи 4-ум ба замин ҳаво доданӣ шудааст.

Хушбахтона, имдодгарони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сари вақт ба ҷойи ҳодиса расида, ин марди зиндагибезорро аз марг наҷот дода, ба пайвандонаш супурданд.

Наздиконаш гуфтаанд, ки ин ҷавонмарди 30-сола ба касалии рӯҳӣ гирифтор аст ва дар ҳоли хурӯҷи бемориаш қасди худкушӣ кардааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД