arzon replenishment
Чаро марди истаравшанӣ ҳамсар ва додарарӯсашро корд зад?
613


Боз як ҷавонзани зебои тоҷикро шавҳараш кордборон намудааст. Ин ҳодисаи нохуш шаби 9-феврал дар шаҳри Истаравшани Вилояти Суғд сар зада, шавҳари золим дар хонаи хусураш ҳамсар ва додарарӯсашро корд задааст...

Вазорати умури дохилии кишвар аз сар задани боз як моҷарои хунини хонаводагӣ хабар медиҳад. Ба иттилоъи манбаъ, шаби 9-уми феврал, тахминан соатҳои 23.30 ҷавонмари 23-солаи сокини шаҳри Истаравшан ба ҳавлии истиқоматии волидайни ҳамсари 19-солааш рафта, аз ҳиссиёти рашк аввал зани ҷавонашро 3-4 корд зада, баъдан ба бадани додарарӯси 8 солааш, ки дар паҳлуи апааш хоб буд, 1 корд мезанад.

Дар натиҷа арӯсак ва бародари хурдсолаш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудаанд. Тафтишот аз рӯйи ин ҳодиса идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД