shoh palace
Чаро марди истаравшанӣ занашро бӯғӣ карда кушт?
1423


Хушунату зӯроварии оилавӣ ва занкушию духтаркушӣ ба дарди бедавои ҷомеаи мо табдил ёфтааст. Ҳафтае нест, ки хабари бо дасти шавҳар ё шахси дигари наздикаш кушта шудани зане ба гӯш нарасад.

Вазорати корҳои дхилии кишвар аз сар задани боз як куштори оилавӣ хабар додааст.
Ин ҳодисаи нохуш рӯзи 1-август, тахминан соатҳои 16.30 дар шаҳри Истаравшан сар зада, байни як сокини 36-солаи ин шаҳр ва ҳамсари 27-солааш ҷангу ҷанҷол ба миён омадааст. Дар ҷараёни ин моҷарои оилавӣ мард аввал зани ҷавонашро бераҳмона лагадкӯб намуда, сипас бо роҳи бӯғӣ кардан ҳамсарашр ба қатл расонидааст.

Айни замон ин марди 36-солаи сокини шаҳри Истаравшан ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти вазнини одамкушӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир шуда, тафтишоти ҷузъиёти дигари ин қазия идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД