arzon replenishment
Чаро Мутриба писарчаи яксолаашро бӯғӣ карда кушт?
2470

Вазорати корҳои дохилии кишвар аз боздошти як модари сангдил хабар додааст, ки дар куштори бераҳмонаи фарзандаш муттаҳам дониста мешавад.

ГУфта мешавад, ки ин зан тифли ширхораашро дар гаҳвора бӯғӣ карда куштааст.
Мутриба Розиқова 26- сол дошта, амали ваҳшиёнаи ин зан айни замон аз ҷониби прокуратураи шаҳри Хуҷанд зери тафтишот қарор дорад. Розиқова дар амали гӯшношунид-куштори фарзанди ҷигарбандаш гумонбар дониста мешавад.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар мақомотҳои тафтишотӣ Мутриба Розиқова бо мақсади пинҳон кардани хиёнат ба шавҳараш даст ба куштори тифли ширхорааш зада, кӯдаки бегуноҳро дар даруни гаҳвора бӯғӣ карда куштааст.
Ин зани сангдил 26-уми маи соли 2021 писарча таваллуд карда, муддати як сол фарзандашро нигоҳубин мекардааст, вале шавҳараш ба вафодории Мутриба шак намуда, мехоҳад ташхиси ДНК гузаронад ва аз кӣ будани кӯдакро аниқ намояд. Аз тарси он ки сирру асрраш фош гашта, бе обрӯ мешавад, зан писарчаи яксолаашро бо дастони худаш ба қатл расонидааст.
“Хонагиҳо гуфтанд, ки кӯдакро ДНК мекунем, то аз кӣ будани тифлро муайян кунем. Ман тарсидам ва даст ба ин ҷиноят задам”-мегӯяд Мутриба ҳангоми бозпурсӣ аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.
Пайвандони шавҳари Мутриба, ки аз амалу рафтори ӯ огаҳ буданд, ба марги табии кӯдак бовар накарда ба мақомот муроҷиат намудаанд. Ҳангоми тафтишот аз ҷониби мақомоти милитсия ва прокуратура ҳақиқат доштани гумони онҳо ошкор гашта, муайян карда шуд, ки тифлак маъсум ба дасти модараш кушта шудааст.
Ин зани беинсоф ва худонотарс ба хотири рӯйпуш кардани бероҳагардии худ, даҳони тифлаки маъсуми дар даруни гаҳвора бударо бо панҷаҳояш маҳкам карда, кӯдакро бӯғӣ карда куштааст. Тафтишоти пешакӣ ин фарзияро тасдиқ менамояд.
Баъд аз куштори фарзандаш Мутриба доду фиғон мебардорад ва ҳақу ҳамсоя ба шитоб омада сабаб мепурсанд. Модар бо чашмони пурашк ба ҳамосяҳо меғӯяд, ки кӯдакаш дар даруни гавҳвора мурдааст.
Аз рӯи ин ҳодса дар Прокуратураи шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд парвандаи ҷиноятӣ боз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД