formula
Чаро Приянка Чопра бо Шрадха Капур душман шуд?
2234

 

Даричаи Ошноӣ:
Шрадха Капур 3-марти соли 1989 дар оилаи актёри машҳури Ҳинд Шакти Капур ва сароянда Шиванти Капур таваллуд шудааст. Шрадха дар оила фарзанди дуюм аст. Бародараш Сидхарт Капур дар олами синамо ҳамчун актёр шинохта шудааст. Шрадха донишҷӯйи шуъбаи театрии Донишгоҳи бонуфузи Бостон аст. Аслан дар давраи таҳсил бо кино банд шудани донишҷӯён расман манъ шудааст, вале Шрадха тавонист бо кӯмаки бародараш ба дунёи ҳунар ворид шавад.



Хун мекашад
Шрадха Капур, хешдухтари ҳунарманди машҳури Боливвуд Карина Капур ва зебосанами дигари шуҳратёри Ҳинд Катрина Кайф мебошад. Соли 2010 Шрадхаро ба филми «Три карты», даъват намуданд. Актрисаи навроҳ дар ин филм бо акулаҳои Боливуд Амитабх Баччан, Матхаван ва Рейма Сен нақш мебозид. Одатан ҳунармандони ҷавон аз ҳамбозии ситораҳо гаштан ҳарос доранд, вале Шрадха боварӣ дошт, ки устодони синаморо бо ҳунараш қоил мекунад. Садои дилаш ӯро фиреб накард, филм дар ҳақиқат тамошобинони зиёд пайдо намуда, дари шуҳратро ба рӯйи Шрадха кушод. Барои нақши ҷаззобаш ба ин зебосанам ҷоизаи «Filmfare Award»-ро сазовор донистанд. Комёбии нахустин дили Шрадхаро нисбати синамо боз ҳам гармтар кард ва боиси он гашт, ки вай миёнашро маҳкам баста, худро ба тамом ба ин дунёи зебо, вале пурзаҳмат бубахшад.

Шебу фарози роҳи ҳунар
Соли 2011 Шрадхаро ба филми «Охири муҳаббат» даъват намуданд. Филми дуюмаш ба вай шуҳрат наоварда бошад ҳам, духтарак навмед нагашт, зеро ба ҳусну ҷамол ва ҳунараш боварии комил дошт. Шрадхаро ширкатҳои машҳур ба ҳамкорӣ даъват менамуданд. Аз ҳисоби реклама вай даромади калон мегирифт. Охири соли 2011 дар ҳафтаи мӯд ҷавоҳироти India International Jewellery Week-ро муарифӣ намуда дар байни 44 нафар довталабон комёб гашт.
ok-jaanu-review

“Зиндагӣ ба хотири муҳаббат ”
Соли 2013 режиссёри варзида Мохит Сури ба офаридани филми “Зиндагӣ ба хотири муҳаббат”шуруъ карда аз байни чандин ҳазор довталабон Шрадха Капур ва Адита Ройро ҳамчун қаҳрамонҳои асосӣ интихоб намуд. Ин филм ба Болливуд 18 млн долари ИМА даромад оварда, шуҳрати Шрадха ва Адитаро ба осмони ҳафтум баровард. Арроҳӣ аз сериали “Зиндагӣ ба хотири муҳаббат” Шрадхаро ба рӯихати 100 бонуи зеботарини ҷаҳон ворид намуд, вале...

Шӯҳрат бӯйи хун дорад
Акнун зебосанами машҳур осуда зиста наметавонист, махсусан ҳамкасбонаш ҳоли ӯро зор менамуданд. Бухлу ҳасад ва кинаю адоват нисбати ситораи нав дар Болливуд ончунон зиёд буд, ки гоҳо ҷони Шрадха ба лабаш расида, мехост аз баҳри ҳама чиз гузараду аз ин макони нафратбор ҳарчи дуртар гурезад, вале боз меҳри бепоёнаш нисбати синамо ӯро бозмедошт.
Рақиби №1-и Шрадха Приянка Чопра буд. Приянка Шрадхаро барои он чашми дидан надошт, ки ин духтараки “фисин” ӯро ба осони аз мақоми “Зеботарин зани Болливуд” барканор намуда, маликаи синамои Ҳинд гашт. Приянка дар бораи Шрадха ҳар хел овозаю ҳангомаҳои нангин паҳн карда, мехост бо ҳамин роҳ обрӯйи Шрадхаро резонад. Хайрият, ки лаҷоми ин бонуи серҷоғро модашери Болливуд Карина Капур кашид, вагарна худо медонад, ки Приянка дар ҳаққи Шрадха боз чӣ қадар овозаҳои нанговар паҳн мекард. Карина ба Приянка фаҳмонд, ки ба хешдухтари вай кордор нашавад, вагарна бо ӯ сару кор хоҳад гирифт. Пас аз ин Приянка дигар ҷуръати ошкоро ба Шрадха дарафтодан намекард, вале ҳамоно дар ғайбаш гапҳои носазо мегуфт.

Аз муҳовара
-Шунидем, ки то “Зиндагӣ ба хотири муҳаббат” шумо якдигарро хуб намешинохтед, пас чӣ гуна тавонистед ин қадар табиӣ нақш бозед?
Адита:-Маро бо Шрадха бародараш шинос кард. Шрадха ба чашми ман нигоҳ накарда гап мезад. Дар ҳарос будам, ки чӣ тавр мо нақши ду дилдодаро мебозем, вале ин духтараки шармгин бисёр ҳунарманд будааст. Вай маро дар майдончаи наворгирӣ қоил кард.
Шрадха:-Ман Адитаро дар телевизион дар шоу-барномаҳо медидам ва орзу доштам, ки ӯро аз наздик бубинам. Вақте гуфтанд, ки бо Адита нақш меофарӣ, қариб аз шодӣ фарёд зада будам. Филм барои он табиӣ баромад, ки мо забони якдигарро хуб мефаҳмидем ва аз як нигоҳ эҳсос мекунем, ки партнёр чӣ мехоҳад.

-Мегӯянд, ки зиндагии шумоён ба ҳаёти қаҳрамонҳои офаридаатон Ароҳӣ ва Раҳул монандӣ дорад...?
Шрадха:-Сурудхониямон шояд монандӣ дошта бошад, вале ҳаётамон тамоман дигар аст. Ман мисли Ароҳӣ духтари ботамкин бошам ҳам, гирёнчак нестам.
Адита:-Ман камгапам ва дили ҳассос дорам, Раҳул чунин нест.

-Метавонед се хислати беҳтарини партнёратонро номбар кунед?
Шрадха:- Адита хушрӯй аст, боистеъдод аст ва ба вай изҳори муҳаббат карданро дӯст намедорад.
Адита:-Шрадха поквиҷдон, масъулиятшинос ва ҷангара аст. (механдад).

-Дар рафти наворгирӣ кадом хислати партнёратон шуморо сахт ба ғазаб меовард?
Шрадха:-Мо ҳарду одамони асабӣ ҳастем. Тез-тез тағйир ёфтани авзои Адита маро ба ғазаб меовард. Баъдан, вай бисёр бачаи танбал аст, агар дар ҷое бишинад, хуши хестан намекард ва ман маҷбур мешудам, ки аз дасташ гирифта, кашолакунон ӯро ба майдони сабт биёрам.
Адита:-Одати бадтарини Шрадха мурданивор кор карданаш аст. Вай бо ин одаташ ҷони маро ба лабам мерасонд. Худо накарда ягон саҳна ба вай хуш наояд, маҷбур менамуд, ки онро даҳ- бист маротиба аз нав сабт намоянд. Беҳудаву баҳуда биниямро пучида гурехтанаш ҳам ғаши маро меовард.

Кадом лаҳзаҳо аз наворгирии “Зиндагӣ ба хотири муҳаббат” дар ёдатон нақш бастанд?
Шрадха:-Тез-тез ҷанг шуданамон. Боре ҳангоми машқ Адита маро тела кард. Худо накарда меафтидам, аниқ ягон ҷоям мешикаст, вале вай чолокӣ карда дар лаҳзаи охир маро дошт. Фикр накунед, ки барои ин некиаш ман гуноҳи ӯро бахшидам. Адабашро сахтакак додам!
Адита:-Вақти ӯро ба ҷарӣ тела доданам, Шрадха фиғони ҷонкоҳ кашида, чунон бо ҳарду дасташ маро пучид, ки бозувонам сиёҳу кабуд гаштанд.
-Ҳардуятонро ба ринг барорем, кадоматон зӯр мебароед?
Ҳарду якҷоя:-Зӯр бошем ҳам, мо ҳурмати якдигарро нигоҳ дошта, ҳеҷ гоҳ даст ба гиребон намешавем.

-Мегӯянд, ки коргардон Моҳит Сури Шрадхаро эрка карда буд ва тамоми нозу нузашро мебардошт?
-Эрка ман не, Адита буд. Моҳит ҳамроҳи пардозгарон соатҳо бо мӯйҳои Адита машғул мешуд.

-Шрадха, пӯшида нест, ки чунин духтари зебо ягон мардро бетараф намегузорад. Мабодо Адита ё Моҳит дар вақти наворгирӣ мисли магас ба шумо часпанд, чӣ кор мекардед?
Шрадха:-Бо лагад ба байни пояшон мезадам-да!
Адита:-Шрадха духтар бошад ҳам, хислату хӯйи мардона дорад ва на ҳар ҷавонмард ҷуръати ба вай наздик шуданро мекунад. Аз тарафи дигар ман саргарми кор будам ва вақти бардоштани нозу нузи ягон зебосанамро надоштам. Барои ман мушкилоти мӯйҳоям кифоя буд.

-Кадом лаҳзаи “Зиндагӣ ба хотири муҳаббат”-ро худи шумо бо шавқ тамошо мекунед?
Шрадха:-Лаҳзае, ки ману Адита дар зери борон аз лабони ҳамдигар гули бӯса мечинем.
Адита:-Лаҳзае, ки ман аз рухсораи Шрадха мебӯсам. Ҳамон вақт вай чунон бо ғазаб ба ман нигариста буд, ки қариб аз ҳуш мерафтам.

-Кадом суруди дар ин филм хондаатон ба худи шумоён писанд аст?
Ҳарду баробар:- «Tum hi ho».
-Ҳамеша чунин зебо ва шоду масрур бимонед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД