Пайдоиши доғҳои сиёҳ дар пӯсти рӯй ҳангоми ҳомилагӣ бо тағйироти махсуси пӯст алоқаманд аст, ки мелазма ном дорад. Чӣ гуна мелазма ба вуҷуд меояд, он аз доғҳои синнусолӣ чӣ фарқ дорад ва аз он чӣ гуна метавон халос шуд. Табиб-косметолог ва ҷарроҳ Валерия Алифанова дар ин бора шарҳ додааст.
Мелазма чист?
Мелазма (ё хлоазма) як навъи доғи пӯсти рӯй аст. Баъзан чунин доғҳо дар китфу бозу низ дида мешаванд. Сабаби асосии пайдоиши пигментация зиёд шудани истеҳсоли меланин аст. Меланин пигментест, ки ранги пӯстро муайян мекунад. Ин раванд бештар аз ҳисоби тағйироти гормоналӣ ва таъсири нурҳои ултрабунафш оғоз меёбад. Мелазма ба саломатӣ зарар надорад, аммо метавонад нороҳатии равонӣ ба бор орад, зеро доғҳо намоёнанд ва бо ороиш ҳамеша хуб пинҳон намешаванд.
Тибқи омор, аз 15 то 50% занони ҳомила бо мелазма рӯ ба рӯ мешаванд. Ин аст, ки чунин доғҳоро «ниқоби ҳомиладорӣ» низ мегӯянд: онҳо бештар дар болои лаб, пешонӣ, рухсор, байни абрӯ ва манаҳ пайдо шуда, шакли муайянро ба вуҷуд меоранд.
Ҳангоми ҳомиладорӣ ҳормонҳои занона эстроген ва прогестерон зиёд мешаванд, ки истеҳсоли меланинро фаъол мекунанд. Аз ин сабаб, пӯст дар баъзе ҷойҳо тиратар мегардад.
Пас аз таваллуд чӣ мешавад?
Хабари хуб ин аст, ки пас аз таваллуд ва барқарор шудани ҳолати гормоналӣ, дар аксари занон доғҳо тадриҷан равшан мешаванд ё худ аз худ аз байн мераванд. Аммо то он вақт пӯст ба муҳофизати ҷиддӣ аз офтоб ниёз дорад, зеро ултрабунафш нишонаҳои мелазмаро зиёд мекунад. Офтоб дар зимистон ҳам фаъол буда метавонад, махсусан вақте ки аз барф инъикос мешавад.
Чӣ гуна аз пайдоиши доғҳо пешгирӣ кардан мумкин аст?
Самарабахштарин роҳ муҳофизат аз офтоб аст. Нури ултрабунафш сабаби асосии пигментация мебошад, махсусан агар пӯст ба ин раванд майл дошта бошад. Агар зимистон ба кишварҳои офтобӣ сафар карданӣ бошед, фаромӯш накунед:
• аз офтоби сӯзон дурӣ ҷӯед (аз соати 11 то 16 хатарноктар аст);
• бе кулоҳ ва айнаки офтобӣ ба кӯча набароед;
• ҳар рӯз креми муҳофизатӣ бо SPF 30 истифода баред, ҳатто дар рӯзҳои абрнок.
Барои онҳое, ки ба пигментация майл доранд ё доруҳои гормоналӣ истеъмол мекунанд, ин тавсияҳо махсусан муҳиманд.
Табобати бехатар
Аз мелазма пурра халос шудан душвор аст, аммо метавон онро камтар намоён кард. Косметолог ё дерматолог усулҳои мувофиқро интихоб карда метавонад. Аммо табобати фаъол бояд танҳо пас аз таваллуд ва анҷоми ширдиҳӣ анҷом дода шавад. Барои кам кардани мелазма метавон аз амалиётҳои зерин истифода бурд:
Пилингҳои химиявӣ - қабати болоии пӯстро мулоим меканад ва ранги пӯстро ҳамвор мекунанд;
Табобати лазерӣ - лазер пигментро маҳв месозад, бе он ки бофтаҳои дигар осеб бинанд;
Дорувориҳо - гидрохинон, ретиноидҳо ва кислотаҳои азелаинӣ фаъолияти меланоситҳоро паст мекунанд, вале танҳо бо тавсияи духтур истифода мешаванд.