Sebiston new 2024 october
Чаро роҳкирои Душанбе-Хуҷанд 300 сомонӣ шуд?
06.01.2022
ОИЛА
1830

 

Мусофирон шикоят карданд, ки ронандаҳои таксӣ роҳкироро аз 200 то 300 сомонӣ боло бурдаанд, ки пештар 100 -150 сомонӣ буд.

Дар ин бора “Азия плюс” бо такя ба манобеи худ хабар додааст.

Санаи 4 январ мусофирон шикоят карданд, ки ронандаҳои таксӣ роҳкироро аз 200 то 300 сомонӣ боло бурдаанд, ки пештар 100 -150 сомонӣ буд. Баъд аз барфбории зиёд ва маҳкамшавии роҳи Душанбе -Чаноқ роҳкиро ду баробар боло рафтааст.

Як сокини Хуҷанд ба Азия плюс бо нигарони аз болоравии нархи роҳкиро гуфтааст, ки бо чунин нарх мо наметавонем бо таксиҳо ба Душанбе равем. Инҷо интизор мешавем мошинҳоеро, ки ба Душанбе сафар мекунанду мусофиронро то 100 сомонӣ арзонтар савор мекунанд.

Аксари мусофирон боло рафтани нархи роҳкиро дар он медонанд, ки донишҷӯён баъди гузаронидани соли нав маҷбуранд ба донишгоҳҳои худ барои идомаи таҳсил баргарданд. Пештар ин ҳолатҳо низ ба назар мерасид, яъне вақте донишҷӯён ба районҳо баргарданд, нархи роҳкиро боло меравад ва ё баръакс.

Ронандаҳо бошанд сабаби болоравии нархи роҳкиро дар чанд омил шарҳ додаан, ки яке аз он бориши барфи зиёд ва мушкил шудани ҳаракати мошин дар роҳи Душанбе- Чаноқ мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД