Солҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ истилоҳи «чеҳраи кортизолӣ» хеле паҳн шудааст. Одатан рухсораи овезоншуда, тағйир ёфтани шакли рӯй, варам ва дигар мушкилоти зоҳириро чунин ном мебаранд. Бисёриҳо ин ҳолатҳоро ба стресси музмин ва зиёд шудани гормони кортизол рабт медиҳанд. Аммо, ба гуфтаи духтур-косметолог ва дерматовенеролог Оксана Баланова, чунин шарҳ бештар ба афсона монанд аст, на ба воқеият.
Кортизоли зиёдатӣ дар асл чӣ гуна зоҳир мешавад?
Дар тиб ҳолате вуҷуд дорад, ки онро «чеҳраи моҳшакл» (Facies lunaris) меноманд. Ин нишонаи гиперкортисизм - зиёдшавии ҷиддӣ ва дарозмуддати кортизол дар организм аст. Чунин ҳолат метавонад дохилӣ (бинобар бемории ғадудҳо) ё берунӣ (масалан, ҳангоми истеъмоли дарозмуддати доруҳои гормонӣ) бошад.
Ба беморони гирифтори гиперкортисизм аломатҳои зерин хосанд:
• варами шадиди рӯй бо сабаби нигоҳдории моеъ дар бофтаҳо;
• гирд шудани шакли рӯй аз ҳисоби ҷамъшавии чарб;
• тунук ва нозук шудани пӯст;
• пайдо шудани рагчаҳои намоён ва сурхшавӣ;
• нарак ва дер шифо ёфтани захмҳо;
• рахҳои васеи бунафшранг дар бадан.
Ин нишонаҳо танҳо мушкили зебоӣ нестанд, балки аломати бемории ҷиддии эндокринӣ буда, ташхиси саривақтиро талаб мекунанд.
Стресс гунаҳкор аст?
Кортизол гормони табиӣ аст ва сатҳи он дар давоми рӯз вобаста ба хоб, фаъолияти ҷисмонӣ ва эҳсосот тағйир меёбад. Аммо ҳатто стресси музмин ҳам одатан ба сатҳе намерасад, ки чунин тағйироти ҷиддии зоҳирӣ ба вуҷуд орад. Ба гуфтаи мутахассис, варам ё паст шудани сифати пӯстро танҳо ба стресс нисбат додан дуруст нест.
Сабабҳо метавонанд гуногун бошанд:
• вайроншавии хоб ва реҷаи ғизо;
• бемориҳои меъдаву рӯда;
• мушкилоти низоми лимфавӣ;
• бемориҳои пӯст;
• таъсири иловагии баъзе доруҳо;
• тағйироти синнусолӣ.
Чӣ бояд кард, агар чеҳра тағйир ёбад?
Агар нишонаҳои клиникии гиперкортисизм вуҷуд надошта бошанд, одатан мушкилоти зоҳирӣ бо ихтилоли гардиши лимфа, нигоҳдории моеъ, истеъмоли зиёди намак, камҳаракатӣ ва ё реҷаи нодурусти хоб алоқаманд аст.
Дар чунин ҳолатҳо тавсия мешавад:
• ба тарзи ҳаёти солим гузаштан;
• реҷаи хобро ба танзим даровардан;
• истеъмоли намакро кам кардан;
• фаъолиятҳои ҷисмониро зиёд намудан;
• аз хизматрасониҳои касбии косметолог истифода бурдан.
Мутахассис таъкид мекунад, ки кортизол «душмани зебоӣ» нест. Ин гормон барои фаъолияти дурусти организм зарур аст. Табдил додани он ба гунаҳкори асосии ҳама мушкилоти зоҳирӣ на танҳо нодуруст, балки хатарнок ҳам ҳаст.