Arzon march 2024
Чаро табибони тоҷик тарки Ватан мекунанд?
1097

 

Давоми якуним соли охир 674 табиб ва 1350 нафар ҳамшираҳои шафқат  Тоҷикистонро тарк намудаанд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ хабар дод.

Вазири тандурустӣ мегӯяд, яке аз сабабҳои асосии тарки Ватан намудани муттахассисони соҳаи тиби тоҷик ин пешниҳоди шароити беҳтари кору зиндагӣ дар давлатҳои дигар мебошад. Давоми якуним соли охир дар баробари 674 табибон ва ҳамчунин 1350 ҳамшираи шафқат аз кишвар рафтаанд, ин дар ҳолест, ки бахши тандурустӣ ниёз ба чунин муттахассисон дорад.

Ба қавли Ҷамолиддин Абдуллозода, табибон бо воситаи барномаҳои гуногуни ҷалби кормандони ин соҳа, ки аз ҷониби дигар давлатҳо пешниҳод мегарданд, дар кишварҳои мухталиф кори сердаромадтар ёфта, рӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ меоранд ва тарки Ватан менамоянд.

Рӯ ба муҳоҷират овардани мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар ҳолест, ки худи соҳаи тандурустии Тоҷикистон ба 2690 табиб ниёз дорад. Ба иттилои Ҷамолиддин Абудллозода имрӯз дар муассисаҳои тандурустии кишвар 1340 ҳамшираи шафқат намерасад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД