sebiston july new
ЧАРО ТИФЛ БО НУҚСОНҲОИ МОДАРЗОД БА ДУНЁ МЕОЯД?
1517


Ба дунё овардани фарзанд ва идома додани насли инсон масъулияти хеле бузург аст, бинобар ин, зан-модар бояд ба ин масъалаи нозук хеле ҷиддӣ муносибат намояд. Фарзандро меваи умри инсон мегӯянд, барои он ки ин мева бе нуқсон ва солим бошад, зан бояд дар давраи ҳомиладорӣ ба саломатии худ диққати ҷиддӣ диҳад.

Сӯҳбати мо бо табиби таҳлилгари Маркази миллии солимии репродуктивӣ Ҷамолбӣ Рӯзиматова дар бораи баъзе микроб, вирус ва барангезандаҳое мебошад, ки дар давраи ҳомиладорӣ бисёр хатарнок ба ҳисоб мераванд.

-Сароғоз бигӯед, ки кадом вирусу микробҳо барои занҳое, ки модар шуданиянд, хатарнок ба ҳисоб мераванд ва зан дар давраи ҳомиладорӣ бояд кадом намуди ташхисҳоро супорад?
-Анализ барои TORCH -фикр мекунам, ки аксари занҳои ҳомила ин ибораро аз забони табибон шунидаанд. TORCH гуфта, маъмулан мо барангезандаҳоеро дар назар дорем, ки бемориҳои сироятии хавфнокро дар давраи ҳомиладорӣ ба вуҷуд оварда метавонанд.

-Ин барангезандаҳо кадомҳоянд?
-Яке аз чунин барангезандаҳо токсоплазма мебошад, ки бемории токсоплазмозро ба вуҷуд меорад. Токсоплазмоз бемории сироятӣ буда, маъмулан аз ҳайвонҳои хонагӣ, бештар аз гурбаҳо ба одам мегузарад. Аз ҳамин хотир дар давраи ҳомиладорӣ зан бояд аз муносибати наздик бо ҳайвонот дурӣ ҷуста, аз ба оғӯш гирифтану сила кардани сагу гурба худдорӣ намояд. Бемориҳои дигаре низ ҳастанд, ки метавонанд бо воситаи гӯшти нимпази гов ё мурғ ва меваю сабзавоти ношуста ба кас сироят намояд (аз ҷумла бруселлез) бинобар ин, ман занҳои ҳомила маслиҳат медиҳам, ки хӯрокро нағз пухта, баъдан истеъмол намоянд ва меваю сабзавотро тоза шӯста, сипас ба рӯйи дастурхон ё сари миз гузоранд.
-Токсаплазмоз чӣ хатар дорад ва беморӣ бо кадом нишонаҳо аз худ дарак медиҳад?
-Одатан токсоплазмоз бе ягон нишона ҷараён мегирад, вале дар баъзе ҳолатҳо баланд шудани табби бемор, калон шудани лимфоузелҳо, дилбеҳузурӣ, дарди банду буғумҳо ва беҳолӣ ба назар мерасад. Беморӣ метавонад ҳамчунин боиси паст гаштани биноии чашм ва дарди сар гардад. Барои одамоне, ки иммунитети мустаҳкам доранд, ин вирус чандон хатарнок нест, вале дар занҳои ҳомиладор метавонад оқибатҳи ногуворро ба вуҷуд оварда, боиси бачапартоӣ ва аз афзоиш мондани ҷанин гардад. Гирифтор гаштан ба токсаплазмоз махсусан дар семоҳаи охири ҳомиладорӣ бисёр хатарнок аст, чунки майнаи сари тифл метавонад осеб бубинад ва зан тифли бемор таваллуд кунад ё кӯдаки мурда ба дунё биёрад. Бемории дигаре, ки дар давраи ҳомиладорӣ бисёр хатарнок ба шумор меравад, сурхакон мебошад.

-Магар сурхакон бемории кӯдакона нест?
-Бале, сурхакон бештар дар кӯдакон мушоҳида мешавад, аз ҳамин хотир бар зидди ин беморӣ дар давраи кӯдакӣ бачаҳоро эм мекунанд, вале баъзе одамон дар калонсолӣ ба ин маризӣ мубтало мегарданд. Зан, агар дар давраи ҳомиладориаш ба сурхакон гирифтор шавад, табиб метавонад ба ӯ қатъ кардани ҳомиладориро маслиҳат диҳад.

-Чаро?
-Сурхакон барои ҷанин бисёр хатарнок аст ва метавонад боиси бо нуқсонҳои модарзодӣ, аз ҷумла инкишоф наёфтани майнаи сар, энцефалит, менингит, тағйир ёфтани себаки чашм, катаракта ва ҳатто кару гунг ба дунё омадани кӯдак гардад.

-Ягон роҳи муҳофизат аз ин бемории хатарнок вуҷуд дорад?
-Роҳи беҳтарин эмкунӣ аст. Занҳое, ки дар давраи кӯдакӣ бо ягон сабаб эм карда нашудаанд, бояд ақаллан се моҳ пеш аз ҳомиладор шудан ин ваксинаро бигиранд.

-Боз кадом вирус ва бактерияҳо барои занони ҳомила хатар доранд?
-Цитомегаловирус. Ин вирус метавонад бо роҳи алоқаи ҷинсӣ, ҳамчунин бо воситаи шири модар ва хун аз шахси бемор ба одами солим гузарад. Одам метавонад бо ин вирус солҳои дароз зиндагӣ кунад, вале баланд шудани титри вирус ва шиддат гирифтани беморӣ махсусан дар давраи ҳомиладорӣ хатарнок мебошад. Вирус метавонад бо воситаи ҳамроҳак ба ҷанин таъсири ногувор расонида, боиси бачапартоӣ, аз меъёр зиёд ва вайрон шудани обҳои аторофи тифл, ҳамчунин норасид ва ё бо нуқсонҳои модарзодӣ ба дунё омадани кӯдак гардад. Ногуфта намонад, ки дар баробари цитомегаловирус вируси герпеси одии 1 ва 2 низ дар давраи ҳомиладорӣ хатарнок ба ҳисоб меравад.

-Герпес ҳамон табхоли оддӣ?
-
Герпес аслан бемории вирусӣ буда, бештар бо табхол аз худ дарак медиҳад. Маъмулан он ба саломатии инсон чандон зиён надорад, вале зан дар давраи ҳомиладорӣ ба герпеси гениталӣ гирифтор шавад, бар асари вирус ҷанин аз инкишоф мемонад ё узвҳои дохилӣ, масалан майнаи сар ё ҷигари кӯдак осеб дида, тифл бо нуқсонҳои модарзодӣ ба дунё меояд.

-Барои пешгирии чунин ҳолатҳо занҳои ҳомиладор бояд чи кор кунанд?
-Аслан зан бояд пешакӣ ба тавлиди фарзанд омода гашта, нақшаи кай ҳомиладор шуданашро бикашад. Барои ба дунё овардани фарзанди солим ақаллан се моҳ пеш зану шавҳар бояд якҷоя ба табиб муроҷиат намуда, аз ташхис гузаранд ва бемориҳои дар вуҷудашон бударо ба пуррагӣ табобат намоянд. Танҳо баъди он ки аз саломатии худ дилпур гаштанд, онҳо метавонанд нақшаи ҳомиладорӣ ва ба дунё овардани як инсони хурдакакро бикашанд. Маслиҳати дигари ман ба занҳо он аст, ки дар давраи ҳомиладорӣ тамоми гуфтаҳои табибонро ба ҷо оварда, сари вақт ташхисҳои заруриро супоранд ва ба саломатии худу тифли батнашон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.
-Саломат бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД