formula
Чаро янгаву қайсингил сагу гурба мешаванд?
1341



Назаре ба омилҳои афзоиши хушунату
зӯроварӣ алайҳи занон дар оила

Барои пешгирии хушунату зӯроварӣ алайҳи занону духтарон дар кишварамон ҳамасола садҳо чрабиниҳои мухталиф гузаронида шуда, ташкилотту идораҳои зиёде дар ин самт кор мебаранд, вале бо ин ҳама талошҳо шумораи занҳои ҷабрдидасол то сол бештар гашта, хушунату зӯроварӣ нисбат ба зан торафт меафзояд. Танҳо дар давоми 5 моҳи соли равон ба Маркази занони “Гулрухсор” дар шаҳри Хуҷанд 1237 нафар занони хушунатдида муроҷиат карда, ба ҳисоби миёна ҳар моҳ 247 нафар зан аз зӯроварӣ дар оила ранҷу озор мебинад.

Моҷарои оилавӣ аз чӣ сар мезанад?

Сабабу омилҳои хушунат ва муноқишаҳои хонаводагиро масъулини маркази зидди хушунат нисбати занҳо, САҲШ-и вилоят ва кормандони Раёсати кор бо занон ва оилаи назди МИҲД-и вилояти Суғд дар ҳар баромади худ ва нишастҳои матбуотӣ шарҳу тавзеҳ медиҳанд. Ба гуфти масъулини сохторҳои зикршуда, сабабҳои асосии ба миён омадани муноқиша дар оила нагирифтани тарбияи дуруст, тайёр набудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ, набудани эҳсоси масъулияту мустақилият ва кӯр-кӯрона ба гуфтаҳои дигарон дода шудани ҷавонон мебошад. Аз нигоҳи равонию психологӣ ба ҳам мувофиқ набудани арӯсу домод, мушкилоти иқтисодӣ, майнӯшию нашъамандӣ, никоҳи барвақтӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва телефонҳои мобилию интернет низ аксар вақт боиси ба миён омадани моҷарҳои хонаводагӣ ва пошхӯрии оилаҳои ҷавон мегардад.

Ба сифати мисол мо тақдири ҷавонзанеро бароятон қисса мекунем, ки маҳз бо дахолати хоҳаршӯй хонавайрон шудааст.
Гадодухтар, моро қашшоқ мекунӣ гуфтанду...
Тирамоҳи соли 2018 аз шаҳри Хуҷанд ба ҷамоати Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров келин шуда рафтам. Саҳарии барвақт ҳавлиро руфтам ва хокрубаҳоро, ки бештарашон хазон буданд, ҷамъ кардам. Азбаски рӯзи нахустини арӯс шуда ба ин хонадон омаданам буд, то омадани янгаҳо тайёр шавам гуфта, ба хона даромадам, то ки худро ба тартиб дарорам.

Аз байн 5 дақиқа нагузашта хоҳаршӯям бидуни он ки дарро тақ-тақ кунад, мисли балои осмонӣ якбора ба хона даромад ва дастонаш ба миёнаш гузошта бо дағдаға гуфт: “Нав аз пеши акоям баромадӣ, боз хокрӯбаҳоро тоза накарда, давида даромадӣ?! Дониста мн, ки дар оилаи мо ин хел қоидаи ҳаромкорию нимкорарӯбӣ нест! Ҳавлии одами зинда бояд мисли оина бошад, ки рӯйро дида шавад! Модарам не, ман кору бори туро минбаъд ман назорат мекунам! Модарам бисёр занаки дилсӯзанд, лекин ҳозира келинчако садқаи дилсӯзии хушдоман шаванд,-қисса мекунад Шабнам Шокирова(номи қаҳрамон бо хоҳиши худаш дигар карда шудааст, вале ному насаби аслиаш, ҳамчунин аксҳо ва сабтҳои садоияш дар дасти муаллиф ҳаст).

Аз рӯйи нақли Шабнам, ҳамин тавр “ҳоло ист, янгаҳо омада раванд, баъд ман бо ту гап мезанам” гӯён, хоҳаршӯяш аз рӯзи аввал алови чашми ӯро гирифа, гирифтори хушунат ва зӯроварии хонаводагӣ гаштааст.
“Хоҳаршӯям бо ду фарзанд аз шавҳараш ҷудо шуда, дар хонаи мо зиндагӣ мекард ва тез-тез ягон баҳона ёфта, маро бо хушдоманам ҷанг меандохт. Аз рӯйи ғайбату бадгӯиҳои вай шабу пагоҳ оташи ҷанг дар оилаи мо фурӯзон буд. Кӯдаконаш ба хонаи хоби ман даромада, тамоми атру упоямро ба рӯи замин рехта мерафтанд. Як бор барои “дастонат равғанолуд, куртаамро нақап” гуфтанам хоҳаршӯям якбора 9 куртаи арӯсиямро бо қайчӣ пора-пора кард. Вақте сабаб пурсидам, дод зада гуфт: “ Хуб кардам! Як тори қоши духтарам аз сад куртаи ту боло меистад!” Хулоса, давоми 9 моҳи зиндагиам дар ин хонадон ягон рӯзи хушро надидам.

Хоҳаршӯям дар сари ҳар қадам нисбат ба ман хушунат ва зӯровариро раво медид ва “чалфас, ифлос, пурхур ва нодидаю гадо гуфта, таҳқирам мекарду паст мезад. Мудом вай маро “гадодухтари бепою қадам, ту моро ҳам қашшоқ мекунӣ!” гӯён, ҷонамро ба лабам меовард. Оқибат маҷбур шудам, ки бо пойи худам аз хона баромада равам”-мегӯяд бо дарду алам Шабнам.

Аз баромади Пешвои миллат

Занон ва ҳуқуқҳои онҳо дар заминаи оятҳои Қуръонӣ, Сарқонун, Кодексҳо (Кодекси оила, Кодекси меҳнат ва Кодекси ҷиноятӣ) ва дигар барномаҳои марбут ба занон ҳимоя карда мешавад.


Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксари баромадҳояшон ба мавзӯи ҳуқуқҳои бонувон сухан ронда, таъкид мекунанд, ки давлат ҳамеша аз занону кӯдакон ҳимоя мекунад. Мо аз суханрониҳои сарвари давлат иқтибосеро манзуратон месозем.
"Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози истиқлолият вобаста ба таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқи конститутсионии занон тамоми тадбирҳои заруриро андешида, онҳоро мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ амалӣ мегардонад.

Бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъмин намудани баробарҳуқуқии мардону занон, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҷумлаи занону духтарони лаёқатманд як силсила асноди заруриро қабул намудем ва онҳоро амалӣ карда истодаем. Ҳадафи мо аз қабули ин санадҳо, пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа мебошад".

Ҳар айб, ки ҳаст дар мусалмонии мост

Дар бисёре аз оёти Қуръони карим нақшу мавқеи зан рушану мукаммал нишон дода шудааст ва ин оёти Қуръонӣ сарчашмаи асосии тавлиди қонунҳо ва амру фармонҳо оид ба баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа аст. Дар ояти 229-и сураи Бақара оид ба ин масъала гуфта шудааст:«Ва барои шумо ҳалол нест он чӣ ба эшон додаед (чӣ ба унвони маҳрия ва чи ба унвони ғайри он) аз онон пас бигиред, магар ин ки зан ва ё шавҳаре хавфи риоят нашудани ҳудуди илоҳиро дошта бошанд».

Дар ин оят таъкид шудааст, ки асл дар маҳрия ба унвони як дайн бар ӯҳдаи мард аст, ки ба зан мепардозад.
Қуръони карим ҳар гуна рафтори ғайриоддӣ ва ноодилона ва ҳар гуна ғазаб ва хушунати ноҷо бар зидди занонро манъ мекунад. Тавсияҳои Қуръони карим ба мардон нисбат ба занон дар риояти ҳуқуқу аҳволи онҳо ба маротиб бештар аз хитобҳо ба занон аст ва ин худ баёнгари ҳимояти Ислом аз ҳуқуқи зан мебошад, вале муттаасифона на ҳама бо ин гуфаҳо амал менамоянд.

Фарзона Муродӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД