shoh palace
Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудову бокс: Тоҷикистонро кӣ намояндагӣ мекунад?
520

 

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо ҷиҳати иштирок дар Чемпионати ҷаҳон-2023, ки 7-14-уми майи соли равон дар шаҳри Давҳаи Қатар баргузор мегардад, муайян шуд. Дар ин бора Федератсияи ҷудо хабар дод.

Тибқи иттилоъ, дар чемпионат варзишгароне иштирок карда метавонанд, ки дар раддабандии ҷаҳонӣ то 3 апрел дар 100-гона мавқеъ дошта бошанд. Ҳайати мураббиёни мунтахаби Тоҷикистон варзишгарони зеринро барои ширкат дар Чемпионати ҷаҳон пешниҳод кардаанд: Эмомалӣ Нуралӣ ва Шаҳбоз Саидаброров (66 кг); Беҳрӯз Хоҷазода (73 кг); Шодмон Ризоеву Сомон Маҳмадбеков (81 кг); Комроншоҳ Устопириён ва Ҷаҳонгир Маҷидов (90 кг); Абубакри Акобир то 100 кг ва Темур Раҳимов зиёда аз 100 кг.

Фонди ҷоизаҳои чемпионат 1 миллион евроро ташкил медиҳад. Дар сабқатҳои инфиродӣ ба ғолибон дар ҳамаи 14 вазн 26 000 евро, ба барандагони медали нуқра 15 000 евро ва ба барандагони медали биринҷӣ 8000 евро тақдим мегардад.

Ҳамзамон, аз 30 апрел то 14 май дар шаҳри Тошканди Узбекистон Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс байни мардон доир мешавад, ки дар он Ҷумҳурии Тоҷикистонро 13 варзишгар намояндагӣ мекунад. Дар мусобиқаи мазкур 640 варзишгар аз 140 давлат номнавис шудааст. Сабқатҳо дар 13 категорияи вазнӣ доир мешаванд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон варзишгарон Меҳрон Шафиев дар вазни то 48 кг, Меҳроб Ҳамидов дар вазни то 51 кг, Меҳроҷ Зоидов дар вазни то 54 кг, Асрор Воҳидов дар вазни то 57 кг, Абубакр Муродзода дар вазни то 60кг, Баҳодур Усмонов дар вазни то 63,5 кг, Расул Аҳадов дар вазни то 67 кг, Довуд Маҳкамов дар вазни то 71 кг, Некрӯз Салимов дар вазни то 75кг, Шаббос Негматуллоев дар вазни то 80 кг, Парвиз Каримов дар вазни то 86кг, Давлат Болтаев дар вазни то 92 кг ва Муҳаммад Аброриддинов дар вазни +92 кг шомил мебошанд.

Хотиррасон мекунем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар ин сафар ноиби президенти федератсия Шаббос Негматуллоев, сармураббӣ Алӣ Бобоҷонов, мураббиён Хуршед Ҷӯраев, Рустам Музаффаров ва Мирзо Шамсиев ҳамроҳӣ мекунанд.

Фонди умумии ҷоизаҳо дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар байни мардҳо 5,2 миллион долларро ташкил медиҳад. Ғолибони ҷойи аввал дар ҳамаи вазнҳо 200 000 доллари ИМА, барандагони медали нуқра 100 000 ва барандагони медали биринҷӣ 50 000 доллари ИМА дарёфт хоҳанд кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД