Arzon march 2024
ЧИЗПАРАСТ (Қисми 2)
1527

 

Идомааш. Қисми якумашро дар ин ҷо хонед

Шоиста дугонаашро ором карданӣ мешуд, вале Ороста аз онҳое набуд, ки зуд дар гирифта, хомӯш шавад.

- Оростаҷон гӯш кун маро. Нохост аз забонам баромад. Худат доим мегуфтӣ, ки кадом рӯз забони сурхат саратро мехӯрад. Ғайр аз ин, ту ҳам ба ман ҳарфҳое мезанӣ, ки агар хар онро шунавад, пӯст мепартояд. Ман чизе намегӯям, - ку?! - эътироз кард Шоиста.

Касе агар ин манзараро медид, гумон мекард, ки занони соҳибкелин не, балки ду духтарчаи даҳсола бо ҳам муноқиша мекунанд. Ин бор ҳақ ба ҷониби Шоиста буд, чун ӯ дарк намуд, ки молу давлату сарват касро хушбахт намесозад, ҳатто ба ягон дард ҳам малҳам намешавад. Вале, Ороста асоси хушбахтиро дар пул ва хонаҳои боҳашаммату мошинҳои даккаданг медид.

Ороста ин бор шояд хатояшро фаҳмид, ё Худо барояш инсоф дод, ки бо дугонааш ба мулоимӣ гуфт:

-Хайр, чӣ кор кунам охир, дугона? Камбағалӣ ба дилам зад. Бар замми ин, келини бой гуфта овардаам, аммо чизҳояш ба орият будаанд. Магар, алам намекунад? Қариб панҷоҳ фоизи тиллову либосҳояш ориятианд. Як рӯз пурсидам, ки канӣ либосҳо, тиллоҳо ва шаддаву марҷонҳои зебоят? Медонӣ чӣ гуфт? Ба соҳибонашон додам. Пас, маро алам намекунад? Хайрият, ки забонамро доштам. Қариб буд, ки “писарам ҳам ба ту орият буд” гуфта, ӯро кашида гираму оилаашро вайрон кунам.

-Оростаҷон, камбағалӣ ба дилат зада бошад, аз ҳисоби келинат бой намешавӣ, - ку?! Шукри Худо писарат пули хуб меёбад. Биё, дигар ба келин дар бобати бисоту чиз ҳарф назан! Магар, ҳамин чизҳои келин ба ту лозиманд?

Инчунин, хонед:

БА РАИСАМОН ОШИҚ ШУДАМ

-Не, як дирамаш ҳам лозим нест. Ба худаш насибу рӯзӣ кунад чизҳояш. Ақаллан модари пасташ ба ман як куртаи соз накардаасту аз духтараш ягон чиз мунтазир шуда мешавад? Асло! Лекин, ман мешунавам, ки қудои дигарон барояшон чизҳое меоранд, ки ногуфтанӣ. Ҳалимаи куртафурӯш буд, - ку?! Акнун ба хостгорӣ рафтаасту аллакай барои қудояш ду ангуштарии тилло ва як гарданбанди 5000-сомона тӯҳфа бурд. Ана, ин хел мешавад қудо. Қадр бояд кард. Мо ҳам ба умед писар калон кардаем. Боз духтарашро то охири умр дар хонаамон нигоҳубин карда мешинем.

-Ист, ист. Ту ҳамон Ҳалимаеро, ки пулдор шуда, касеро писанд намекардагӣ шуд, мегӯӣ? Ҳамон Ҳалимаеро, ки касе аз даргоҳаш хушнуд нарафт?

-Бале, ҳамон куртафурӯшро.

-Аз ин маълум, ки ту хабарҳои навро нашунидаӣ, дугона.

-Кадом хабарҳоро?

-Писари Ҳалима дузди калон будааст. Ҳангоми дуздӣ гурехта, афтидаасту ду пояш кор намекунанд. Хостгорҳои ба духтараш омада, ин чизро фаҳманд ҳам фотиҳаро намегардонанд, вале Ҳалимаи девона “онҳо дузд будани писарамро фаҳмида, фотиҳаи духтарамро мегардонанд”, - гӯён, ба қудоҳо дод зада, тиллоҳои додадаашро талаб кардааст. Зан инро дида, “ман барои дидани писарат омада будам, аммо ҳоло қудо нашуда, бо ман ин тавр муносибат кунӣ, пагоҳ ман чӣ кор мекунам” - гуфта, фотиҳаро гардонд. Акнун ба дараш як хостгор ҳам намеояд. Оянд ҳам барои писарони бевамардашон меоянд.

-Аз ин хабар надоштам.

-Ҳа, гуфтагӣ барин, бар замми ҳамаи ин, келинаш ҳам тамоми сарваташро гирифта, “ба ман шӯйи маъюб лозим нест”, - гӯён, баромада рафтааст. Ғайр аз ин, дӯкони дар бозор будаи Ҳалима ва матоъҳои доштааш аз ҳисоби пули падари келинаш будааст, ки онҳоро ҳам кашида гирифтанд. Ана, дидӣ, дугона? Барои ҳамин ба чизи кас чашм ало кардан дуруст нест.

-Дугона, он чизҳое, ки ман талаб мекунам, ин расми мост. Чӣ, агар ба ман як куртаи қиммат мекард, мемурд? Ман кардам, - ку?! Чӣ, магар, ман ба як ангуштарини тилло намеарзам? – бо қаҳр гуфт Ороста.

-Меарзӣ - меарзӣ дугона. Як не, ба сад ангуштарини тилло меарзӣ, вале бо арақи ҷабини худату фарзандат.

-Э, ту кай боз ин қадар доно шудаӣ?

-Напурс дугона. Зиндагӣ маро доно кард. Ташвишҳои ба сарам омада, аламу армони писарам, бекӯдакии онҳо. Медонӣ дирӯз чӣ шуд?

Давом дорад ...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД