Давоми як шабонарӯз аз ҷониби кормандони бозрасии милитсияи пойтахт чор ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ба қайд гирифта шудааст.
Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, дар натиҷаи ташхиси тиббӣ муайян гардидааст, ки шаҳрвандон Ҳабибуллоев Файзулло - ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «AION», рақами қайди давлатӣ 4612ТТ10, Бобоев Саид - ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Мерседес», рақами қайди давлатӣ 7409МЕ01, Холмуродов Эраҷ - ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «BYD», рақами қайди давлатӣ 9496ТТ09 ва Ҷамолов Абдулбосит - ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Лексус», рақами қайди давлатӣ 5252VV01, дар ҳолати мастӣ қарор доштаанд.
Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати ронандагони номбурда тибқи талаботи моддаи 332-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, воситаҳои нақлиёти онҳо дар ҷаримагоҳи муваққатӣ ҷойгир карда шудаанд.