solinav
Чойи кабуд умри одамро дароз мекунад!
460


Олимони Шветсария исбот кардаанд, ки ҷойи кабуд ба саломатӣ фоидаи бисёре дошта, умри инсонро дароз мекунад.
Ин мардони донишманд таъкид мекунанд, ки минбаъд чойи сиёҳро камтар нӯшида, бештар ташнагии худро бо чойи кабуд шиканем.
“Таъсири чойи кабуд ба организм ончуноне ки мо тасаввур мекардем, набудааст,-мегӯянд донишмандон аз Институти технологии Сюрих.
Ба гуфти олимон чойи кабуд дар таркибаш “Катехин” дорад, ки раванди пиршавиро суст карда, ба клеткаҳои ДНК имкон намедиҳад, ки нодуруст афзоиш ёбанд.
Яке аз олимон бо номи Ристоу тавсия додааст, ки зиёдтар чойи кабуд бинӯшем, зеро чойи сиёҳ прооксидантҳои фоиданоки организмро вайрон мекунад.
Олимон ба хулосае омадаанд, ки нисбат ба ҷойи сиёҳ чойи кабуд манфиаотовар буда, ба ҷавон мондани организм мусоидат мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД