Ҳамал (21 март-20 апрел)
Ҳамалҳо бояд ба муносибатҳои ошиқонаи худ бештар диққат диҳанд. Агар шахсе, ки ба шумо маъқул аст, ба шумо таваҷҷуҳ накунад, рӯҳафтода нашавед. Намуди зоҳирии худро каме тағйир диҳед ва бештар табассум кунед. Бо шахси дӯстдошта бо эҳтиром ва сабр муносибат намоед, то баҳс пеш наояд. Дар кор фаъол бошед ва нақшаҳои худро ба дигарон нагӯед. Имрӯз имкони харидани чизҳои нав барои худ ва наздикон пайдо мешавад. Аз кори вазнин худдорӣ карда, бештар истироҳат кунед.
Савр (21 апрел-21 май)
Саврҳо имрӯз бояд барои расидан ба мақсадҳои худ устувор бошанд. Дар муносибатҳои оилавӣ эҳтимол ҳамсаратон дар фикри худ сахт истад. Шумо бояд бо оромӣ вазъиятро ҳал кунед ва ба баҳс роҳ надиҳед. Дар кор мушкилиҳо пайдо шаванд ҳам, таслим нашавед. Кӯшишу ҷиддияти шумо натиҷаи хуб медиҳад. Корҳои эҷодӣ метавонанд даромади иловагӣ оваранд. Агар вақтҳои охир хаста ё бехоб шуда бошед, шом дар ҳавои тоза каме сайр кунед.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Имрӯз ҷавзоҳо бояд пеш аз ҳар сухан каме андеша кунанд. Эҳтимол, аз ҳад рост ё сахт гап зада, шахси дӯстдоштаи худро ранҷонед. Аз хариди нолозим ва хароҷоти калон худдорӣ кунед, зеро масъалаи пул метавонад боиси баҳс шавад. Дар кор сабру таҳаммул нишон диҳед. Муносибати хуб бо роҳбар метавонад барои пешрафти касбӣ кумак кунад. Имрӯз имкониятҳои молиявӣ чандон зиёд нестанд, бинобар ин маблағатонро сарфакорона истифода баред. Хастагӣ метавонад ба рӯҳияатон таъсир расонад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Саратонҳо имрӯз бояд дар муносибат бо шахси дӯстдошта боақлона рафтор кунанд. Донишу қобилияти худро аз ҳад зиёд намоиш надиҳед, то ҳамсаратон худро нороҳат ҳис накунад. Имрӯз корҳо нисбат ба рӯзҳои дигар тезтар пеш мераванд ва шумо бояд зуд қарор қабул кунед. Дар нимаи рӯз эҳтимол хабари хуш ё пешниҳоди хуби корӣ гиред. Агар чунин имконият пайдо шавад, онро бодиққат баррасӣ кунед. Шомро дар муҳити ором гузаронед. Агар дарди саратон зиёд шавад, ба духтур муроҷиат кунед.
Асад (23 июл-23 август)
Имрӯз барои асадҳо рӯзи пур аз меҳру муҳаббат аст. Муносибатҳои ошиқона ба шумо хушҳолӣ мебахшанд ва рӯҳияатон баланд мешавад. Агар хонаатонро нав кардан хоҳед, метавонед ба таъмир ё тағйири ороиши он шурӯъ кунед. Дар кор тамоми диққататонро ба вазифаҳо равона кунед, меҳнати шумо метавонад зуд натиҷа диҳад. Бо одамони бонуфуз баҳс накунед ва маблағатонро беҳуда сарф накунед. Агар имрӯз аз худ норозӣ бошед, хавотир нашавед, ин ҳолат зуд мегузарад.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Имрӯз дар масъалаҳои ошиқона эҳтимол бо воқеаи ҷолибе рӯ ба рӯ шавед. Барои расидан ба ҳадафҳо аз кӯшиш кардан натарсед, зеро имрӯз корҳои оғозкардаатон метавонанд зуд натиҷа диҳанд. Сафар ё вохӯрии хуш низ имконпазир аст. Дар кор вазъият ором буда, имкони ба даст овардани натиҷаи хуб вуҷуд дорад. Эҳтимол маблағи иловагӣ ба даст оред, вале ба корҳои хавфноки молиявӣ шитоб накунед. Ғизои солим истеъмол кунед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз рафтори шахси дӯстдошта метавонад шуморо каме асабонӣ кунад. Кӯшиш кунед ба суханҳои ӯ бо хашм ҷавоб надиҳед ва эҳсосоти худро идора кунед. Муошират бо дӯстон ва хешовандон бароятон рӯҳбаландкунанда хоҳад буд. Барои хона харидани чизҳои зарурӣ низ хуб аст. Дар кор бошад, нерӯ ва диққати шумо каме паст мешавад. Аз ин рӯ, корҳои бисёр муҳимро беҳтараш ба рӯзи дигар гузоред. Дар масъалаи пул қарз нагиред ва ба корҳои хавфноки молиявӣ ҳамроҳ нашавед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Ақрабҳо имрӯз набояд барои ҳар мушкил худро ба ташвиш андозанд. Баъзе воқеаҳое, ки ҳоло душвор менамоянд, метавонанд баъдтар ба нафъи шумо анҷом ёбанд. Дар оила бо ҳамсар меҳрубон бошед ва аз суханҳои сахт худдорӣ кунед. Дар касбу кор рӯзи хубест барои тартиб додани нақшаҳои оянда ва муайян кардани корҳои муҳим. Имрӯз имкони ба даст овардани маблағи иловагӣ ё хариди муфид вуҷуд дорад. Бо вуҷуди ин, ҳама кор метавонад мувофиқи нақша пеш наравад. Агар хастагӣ эҳсос кунед, ҳатман ба худ истироҳат диҳед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз қавсҳо метавонанд эҳсоси муҳаббати қавӣ дошта бошанд. Агар касеро дӯст доред, эҳсосоти худро самимона нишон диҳед. Агар ба вафодории шахси наздик шубҳа дошта бошед, бе далел хулоса набароред. Эҳтимол аст, ки гумони шумо асос надошта бошад. Имрӯз шумо бо одамон хуб муошират карда, метавонед ҳатто шахси якравро ба фикри худ розӣ кунед. Аз ин қобилият дар кор ва муносибатҳои шахсӣ истифода баред. Дар масъалаҳои пулӣ боэҳтиёт бошед ва пеш аз қарор гирифтан маълумоти бештар ҷамъ кунед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Агар имрӯз бо касе баҳс кунед, каме танҳо мондан ба шумо кумак мекунад, то ором шуда, вазъиятро дуруст фаҳмед. Барои оиладорон муҳим аст, ки ба ҳамсар бештар вақт ва таваҷҷуҳ диҳанд. Дар кор шумо метавонед бо муносибати дуруст роҳбар ё шарики худро ба фикри худ розӣ кунед. Кӯшиш кунед корҳоро бо нақша анҷом диҳед ва қарорҳои ногаҳонӣ нагиред. Ба ғизои худ низ диққат диҳед. Хӯрокҳои носолимро кам кунед, ғизои дуруст ба саломатӣ ва нерӯи шумо таъсири хуб мерасонад.
Далв (21 январ-19 феврал)
Далвҳо имрӯз хеле ҷолиб ва диққатҷалбкунанда мешаванд. Эҳтимол бо шахси нав шинос шавед ва ин шиносоӣ ба муносибати хуб табдил ёбад. Шояд хоҳиши тағйир додани муҳити хона пайдо шавад ва ҳатто ба таъмири хурд шурӯъ кунед. Дар масъалаҳои корӣ шитоб накунед. Пеш аз бастани шартнома ё қабул кардани пешниҳод ҳамаи ҷузъиётро бодиққат санҷед. Имрӯз барои хариди калон низ рӯзи мувофиқ нест, зеро эҳтимоли талафи пул вуҷуд дорад. Аз ҷиҳати саломатӣ бошад, худро нерӯманд ва фаъол ҳис мекунед.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Имрӯз Ҳутҳо бояд бо шахси дӯстдошта бештар вақт гузаронанд. Муоширати самимӣ муносибатҳои шуморо боз ҳам наздиктар мекунад. Корҳои хонагӣ метавонанд вақти зиёдеро гиранд, вале беҳтараш онҳоро сари вақт анҷом диҳед, то баъдтар зиёд нашаванд. Субҳ эҳтимол як воқеаи хуш рӯй диҳад ва рӯҳияатонро баланд кунад. Агар бо мубодилаи асъор машғул бошед, имрӯз қарорҳои муҳим қабул накунед. Эҳтимол субҳ каме дарди сар дошта бошед, вале бо гузашти рӯз вазъ беҳтар мешавад.