Дар ҳаҷи имсола 4 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо марги табиӣ дар кишвари мизбони ҳаҷ вафот кардаанд ва тибқи тартиб онҳо дар ҳамонҷо дафн шудаанд.
Чор нафар даргузаштагон дар ҳаҷи имсола аз шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Данғараву Фархор ва шаҳри Турсунзода будаанд.
Дар ин бора зимни нишасти хабарии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода шуд.
Раиси Кумита сабаби фавти ҳоҷиёни тоҷикро шарҳ дода, гуфт, ки онҳо аз бемории музмин фавтидаанд: “Аксари мардум фикр мекунанд, ки ба ҳаҷ рафтанд, бемориашон шифо меёбад, вале яке аз шартҳои ҳаҷ солим будани ҳаҷкунанда мебошад, ки тавонад дар миёни издиҳом бе мушкилӣ адои ҳаҷ намояд”.
Ёдова мешавем, ки арзиши хизматрасониҳои мавсими ҳаҷи соли ҷорӣ 57 ҳазор сомонӣ муайян гардида буд.
Ҳамчунин, қайд карда шуд, ки дар Тоҷикистон 66 ташкилоти ғайриисломӣ, як маркази исломӣ, 3 ҷамоатхона ва дар маҷмуъ 4058 иттиҳодияҳои динӣ дар Феҳристи давлатии иттиҳодияҳои динии кишвар ба қайд гирифта шудааст.
- Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ягон иттиҳодияи ғайриисломӣ ба қайд гирифта нашудааст,- гуфт раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода зимни нишасти матбуотии ниҳодаш.