Дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон дар корхонаи «Салоса» ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва Рӯзи соҳаи нафту газ барои оғози сохтмони хати нави коркарди нафт санги аввал гузошта шуд.
Иқтидори истеҳсолии хати нав 50 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ дар як сол пешбинӣ шудааст. Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани он дар корхона истеҳсоли бензин ва сӯзишвории дизелӣ ба роҳ монда шуда, доираи маҳсулоти истеҳсолшаванда васеъ хоҳад шуд.
Айни замон корхонаи «Салоса» асосан битум барои сохтмони роҳҳо истеҳсол мекунад. Ба истифода додани хати нави истеҳсолӣ барои рушди саноати коркарди нафт ва зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти истеҳсоли дохилӣ мусоидат хоҳад кард.
Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ки татбиқи ин лоиҳа барои рушди иқтисодии ноҳия низ муҳим буда, боиси таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ мегардад.
Корхонаи «Салоса» аз соли 2003 фаъолият дошта, ҳоло дар он беш аз 100 нафар мутахассис кор мекунанд.